Ленд-лиз: кӯмаке, ки Ғалабаро таъмин кард…8-05-2019, 13:18
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 1
Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонии солҳои 1939-1945 набарди бузургтарин дар таърихи инсоният аст, ки аз ҷониби Олмони фашистӣ, Италия ва Ҷопон оғоз шуда буд. Дар ин ҷанг 61 кишвари олам (зиёда аз 80 % аҳолии кураи Замин) иштирок карда, амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлат бурда шуд.
Соли 1941 ҳангоме ки фашистони олмонӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карданд, Британияи Кабир аллакай бо Олмон меҷангид, мухолифати ИМА бо Ҷопону Олмон дар ҳолати муноқишаи ҳарбӣ қарор дошт. Баъд аз ҳуҷуми Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ дарҳол Британияи Кабир (22 июн) ва Амрико (24 июн) дастгирии худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза бо фашизм эълон доштанд. 12 июли соли 1941 дар Москва созишномаи шӯравӣ-британӣ оид ба амалиёти муштарак алайҳи Олмон ва иттифоқчиёнаш ба тасвиб расид, ки он асос барои рӯйи кор омадани эътилофи зиддигитлерӣ гардид. 18 июли соли 1941 ҳукумати ИҶШС бо ҳукумати Чехословакия, 30 июл бо ҳукумати Лаҳистон созишнома оид ба муборизаи муштарак бо душмани умумиро имзо кард. Аз сабабе, ки ҳудуди ин кишварҳо аз ҷониби фашистони олмонӣ ғасб гардида буд, ҳукуматҳои онҳо дар пойтахти Британияи Кабир-шаҳри Лондон қарор гирифта буданд. 2 августи соли 1941 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шартномаи ҳарбӣ-иқтисодӣ баста шуд, ки баъдан собит гардид, он барои ИҶШС муҳим ва ҳалкунанда барои ғалабаи умумӣ буд. Дар музокироти Москва, ки аз 29 сентябр то 1 октябри соли 1941 давом дошт, Иттиҳоди Шӯравӣ, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи амалиёти муштарак ва таъминоти тарафайни ҳарбиро дида баромаданд ва аввалин ҳуҷҷат (протокол) оид ба ин ба тасвиб расонида шуд. 7 декабри соли 1941 Ҷопон бо ҳамлаи ногаҳонӣ ба базаи ҳарбии амрикоии Перл-Харбор дар ҷазираҳои Ҳавайи уқёнуси Ором алайҳи Амрико ҷангро оғоз кард. 8 декабр ИМА, Британияи Кабир ва як қатор кишварҳои дигар ба Ҷопон ҷанг эълон карданд. 11 декабр Олмон ва Италия алайҳи Амрико ҷанг эълон намуданд. То охири соли 1941 дар ҳолати ҷанг бо блоки кишварҳои таҷовузгар (Олмон, Италия, Ҷопон) чунин кишварҳо қарор доштанд: Австралия, Албания, Белгия, Британияи Кабир, Гаити, Гватемала, Гондурас, Юнон, Дания, Доминикан, Ҳиндустон, Канада, Чин, Коста-Рика, Куба, Люксембург, Муғулистон, Нидерланд, Никарагуа, Зеландияи Нав, Норвегия, Панама, Лаҳистон, Салвадор, Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Филиппин, Фаронса, Чехословакия, Эквадор, Эфиопия, Югославия, Иттифоқи Африқои Ҷанубӣ. Нимаи дуввуми соли 1942 ба ҷанг алайҳи блоки фашистӣ Бразилия ва Мексика, соли 1943 Боливия, Ироқ, Эрон, Колумбия, Чили, соли 1944 Либерия ворид шуданд. Баъд аз моҳи феврали соли 1945 ба эътилофи зиддигитлерӣ Аргентина, Венесуэла, Миср, Лубнон, Парагвай, Перу, Арабистони Саудӣ, Сурия, Туркия, Уругвай ворид гаштанд. Ба мамолики аъзои эътилофи гитлерӣ ҳамчунин кишварҳое ҷанг эълон карданд, ки пеш дар ин блоки таҷовузгар қарор доштанд-Италия (с.1943), Булғория, Маҷористон ва Руминия (с.1944), Финландия (с.1945). Дар лаҳзаи анҷоми амалиёти ҷангӣ бо Ҷопон (сентябри соли 1945) 56 давлати дунё бо мамолики блоки фашистӣ дар ҳолати ҷанг қарор доштанд. Ҳиссаи кишварҳои алоҳида дар ба даст овардани мақсадҳои эътилофи зиддигитлерӣ гуногун буд. ИМА, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин бо қувваҳои мусаллаҳашон бар зидди кишварҳои блоки фашистӣ мубориза мебурданд. Дар амалиёти ҷангӣ ҳамчунин қисмҳои алоҳидаи ҳарбии Лаҳистон, Чехословакия, Югославия, Австралия, Белгия, Бразилия, Ҳиндустон, Канада, Филиппин, Эфиопия ва дигар кишварҳо иштирок доштанд. Қисме аз мамолики эътилофи зиддифашистӣ, масалан Мексика ба иштирокчиёни асосии он кумакҳои гуногун мерасониданд, аз ҷумла таъминот бо ашёи ҳарбӣ. Ҳиссаи бузургро дар ғалаба ба душмани умумӣ Амрико ва Британияи Кабир гузоштанд. 11 июни соли 1942 Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи ленд-лизро оид ба ба якдигар додани техникаи ҳарбӣ, силоҳ, ашёи стратегӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим имзо намуданд. Аввалин кумакҳо аллакай соли 1941 расиданд, аммо қисми зиёди он ба солҳои 1943-44 рост омад. Тибқи маълумоти расмии амрикоӣ, ба охири соли 1945 аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Иттиҳоди Шӯравӣ, 14795 тайёраи ҷангӣ, 7056 танк, 8218 дастгоҳҳои оташнишонии зенитӣ, 131600 пулемёт, аз Британияи Кабир (то 30 апрели соли 1944) 3384 тайёраи ҷангӣ ва 4292 танк ва аз Канада 1188 танк расонида шуданд. Ғайр аз силоҳ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ИМА тариқи ленд-лиз автомобил, трактор, мотосикл, киштӣ, локомотив, вагон, маводи хӯрока ва доруворӣ дар ҳаҷми бузург гирифт. Дар навбати худ ИҶШС ба Амрико 300 ҳазор тонна маъдани хром, 32 ҳазор тонна маъдани марганетс, ҳаҷми зиёди платина, тилло ва чӯб равон кард. Махсус барои талаботи ленд-лиз дар Эрон корхонаҳои автомобилбарорӣ сохта шуда буданд, ки таҳти роҳбарии ширкати маъруфи GeneralMotors қарор доштанд. Калонтарини онҳо TAP 1 (TruckAssemblyPlant) дар Андимашк ва ТАР 2 дар Хуррамшаҳр буданд. Ҳамагӣ аз корхонаҳои эронӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ 184112 автомобил интиқол дода шуданд. Ҳамон «Катюша»-ҳои машҳур, дастгоҳҳои зенитӣ дар болои «Студебеккер»-ҳои амрикоӣ насб карда шуда буданд. Пас аз ҷанг ин корхонаҳо аз Эрон ба Иттиҳоди Шӯравӣ бурда шуданд. Қариб 80% аллюминий, пӯлод, дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим аз ҷониби иттифоқчиён расонида шуда буданд. Дар хусуси доруворӣ-масалан, пенитсиллин барои сарбозҳои ярадори шӯравӣ ҳамчун воситаи наҷот гардид ва бисёре аз онҳоро аз чанголи марг наҷот дод. Дастгоҳҳои зиёд ворид мегардид, ки барои ғалаба хидмати бузург карданд. Қисми зиёди танкҳои машҳури Т-34 тавассути дастгоҳҳои амрикоӣ сохта мешуданд. Чунин мисолҳо зиёд ҳастанд. Қисме аз кумакҳои амрикоӣ (қариб 1 миллион тонна) то ба Иттиҳоди Шӯравӣ нарасиданд, чунки ҳангоми интиқол аз ҷониби душман нест карда шуданд. Наздики 10 маршрути расонидани бор тариқи ленд-лиз ба Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт. Бисёре аз онҳо аз минтақаҳои амалиёти фаъоли ҷангӣ мегузаштанд, ки аз онҳое, ки ба ин амал машғул буданд, ҷавонмардӣ ва қаҳрамониро талаб мекард. Ва онҳо ҷавонмардиву қаҳрамониро нишон доданд, ҷони худро барои ба даст овардани Ғалабаи умумӣ нисор карданд. Кӯмак аз ҷониби иттифоқчиён на танҳо тавассути барномаи ленд-лиз мерасид. Масалан, дар Амрико «Кумитаи кумак ба русҳо дар ҷанг» (RussiaWarRelief) созмон дода шуд, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба маблағи якуним миллиард доллар (он замон маблағи хеле бузург) маҳсулоти гуногун фиристода буд. Дар Британия чунин кумитаро Клементина Черчилл, ҳамсари Уинстон Черчилл сарварӣ мекард. Соли 1942 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ, Британияи Кабир ва ИМА созишнома оид ба кушодани Фронти Дуввум дар Аврупо баста шуд. Моҳи июни соли 1944 он амалӣ гардид-дар Нормандия (шимолу ғарби Фаронса) десанти бузурги англо-америкоӣ фуруд омад. Ин Олмонро маҷбур сохт, ки қариб 600 ҳазор сарбози худро аз Фронти Шарқӣ ба Ғарб равон кунад, ки то андозае ба Иттиҳоди Шӯравӣ сабукӣ овард ва торумори онро, ки акнун маҷбур гардид дар ду ҷабҳа биҷангад, наздик кард. Бархе мегӯянд, ки кушодани Фронти Дуввум аз ҷониби иттифоқчиён дер анҷом дода шуд, ки дар натиҷа Иттиҳоди Шӯравӣ ба қурбониҳои зиёд дучор гардид. Аммо фаромӯш набояд кард, ки то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Амрико ва Британия бо Олмон ва Италияи фашистӣ «дастбагиребон» шуда буданд. Амалиёти ҷангӣ миёни ин кишварҳо аз соли 1940 то соли 1943 давом карданд ва дар саҳнаи африқоии амалиёти ҷангӣ танҳо баъди набарди Ал-Аламайн дар соли 1942 хатари фашистон дар ин қитъа бартараф карда шуд. Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 1941 Амрико ва Британия дар ҳавзаи уқёнуси Ором бо яке аз шарикони асосии Олмон-Ҷопони муқтадир ҷангҳои сахт мебурданд. Назари ходимони давлатии шӯравӣ ба барномаи ленд-лиз оқилона буд. Ҳангоми Конфронси Теҳрон дар соли 1943 дар зиёфати тантанавӣ ба шарафи 69-солагии Уинстон Черчилл Амрикоро «мамлакати мошинҳо» номида, чунин гуфт: «Бе ин мошинҳо, ки тавассути барномаи ленд-лиз ба мо расиданд, мо мумкин буд, ҷангро мебохтем». Ин суханони Сталин дар дафтари ҳодисаҳои рӯзмарраи президенти ИМА сабт шуданд, ки баъдан дар маҷмуаи «Сиёсати хориҷии ИМА. Конфронсҳои Қоҳира ва Теҳрон, соли 1943» нашр гардиданд. Тибқи дигар манбаъ, Иосиф Сталин дар ин конфронс кумаки амрикоиро чунин баҳо дода буд: «бе иқтисодиёти амрикоӣ Милали Муттаҳид ҳеҷ гоҳ дар ин ҷанг ғалаба карда наметавонистанд». Дар ҳуҷҷати №1447 аз 7 маи соли 1963 аз тарафи Раиси Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) ба КМ ҲКИШ омадааст: «…ҳоло мегӯянд, ки иттифоқчиён ба мо кумак намекарданд…Аммо набояд инкор кард, ки амрикоиҳо он қадар мавод ба мо равон мекарданд, ки бе онҳо мо наметавонистем захираҳои худро пур кунем ва ҷангро идома диҳем. 350 ҳазор мошин гирифтем ва боз чӣ гуна мошин! Мо маводи тарканда, борут надоштем. Чизе набуд, ки патрони милтиқҳоро пур кунем. Амрикоиҳо дар ин маврид моро, гуфта мешавад, наҷот доданд. Чи қадар онҳо ба мо пӯлоди аълосифат равон карданд! Магар мо метавонистем дар муддати кутоҳ истеҳсоли танкҳоро ба роҳ монем, агар пӯлоди амрикоӣ намебуд? Ҳоло чунин мегӯянд, ки гӯё ҳама чиз дар мо фаровон буд». Нақши ленд-лизро ҳамчунин Анастас Микоян, ки замони ҷанг ба ҳафт комиссариати халқӣ роҳбарӣ мекард, баланд баҳогузорӣ карда буд. Ба ақидаи ӯ бе ин кумакҳо Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур мешуд боз якчанд сол ҷангро давом диҳад ва оқибати он маълум набуд. Дар хотироти худ сарвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Н.С.Хрушев муҳимияти ленд-лизро қайд карда буд: «Мехоҳам ошкоро ақидаи худро оид ба назари Сталин нисбати қобилияти артиши шӯравӣ ва ИҶШС дар бурдани ҷанг бе кумаки америкоиҳо ва бритониҳо баён кунам. Аввалан, мехоҳам нисбати баъзе гуфтаҳои Сталин дар суҳбатҳои хоса миёни мо таъкид кунам. ӯ (Сталин) рӯирост гуфт, ки агар Амрико ба мо кумак намерасонд, мо ҷангро мебохтем. Ҳеҷ кас ба таври расмӣ ин мавзӯъро баррасӣ намекард ва гумон надорам, ки Сталин ақидаи худро ба таври хаттӣ баён карда бошад, аммо ман тасдиқ мекунам, ки дар суҳбатҳои хоса ӯ қайд мекард, ки кор маҳз чунин аст. ӯ ягон вақт суханро аз ин оғоз намекард, аммо вақте ки мо оид ба сиёсати байналмилалии муосир ва замони гузашта суҳбат мекардем, ӯ маҳз чунин мегуфт. Ҳангоме ки ман ин ақидаи ӯро мешунидам, бо ӯ розӣ мешудам ва ҳоло ман бо ӯ зиёдтар розӣ ҳастам». Қонуни ленд-лиз («додан ба иҷора») хат задани дастгоҳҳои истифодашудаи ҳарбӣ ва маводро пешбинӣ мекард. Танҳо талаб карда мешуд, ки маҳсулоти мулкӣ-нақлиёти роҳи оҳан, киштиҳо, мошинҳои боркаш ва ғайра, ки дар ихтиёри кишварҳои гирандаи он буданд, бозгардонида шаванд. Барои техникаи ҳангоми амалиёти ҷангӣ нобудшуда Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷуброн талаб намекард. Аз ҳисоби умумии қарзи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки баъдан меросбари он Россия гардид, танҳо 0,9% он гардонида шуд. Бо дигар кишварҳо низ кор монанд ба ин сурат гирифт. Дар охир бояд қайд кунем, ки бори асосӣ ва гарони ҷанг бо Олмони гитлерӣ ба дӯши Иттиҳоди Шӯравӣ афтида буд ва саҳми он дар торумор сохтани натсионал-сотсиализм бе шакку шубҳа бузургтар аст. Шӯравӣ дар ин ҷанги даҳшатнок даҳҳо миллион нафар шаҳрвандони худро аз даст дод, ҳазорҳо шаҳр ва даҳҳо ҳазор деҳаҳо, иншооти зиёд нобуд карда шуданд. Аммо саҳми иттифоқчиёнро дар ба даст овардани Ғалабаи умумӣ низ фаромӯш набояд кард ва ин саҳм ҳам хеле бузург аст. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.