Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вйетнам: даҳ соли даҳшат

Вйетнам: даҳ соли даҳшат

9-08-2019, 09:03
Хабарро хонданд: 329 нафар
Назарҳо: 0
  Вйетнам: даҳ соли даҳшатМоҳи августи соли 1964 дар халиҷи Тонкин моҷарои ҳарбие сар зад, ки барои оғози амалиёти ҳарбӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Вйетнами Шимолӣ сабаб гардид. Он зиёда аз 10 сол давом кард ва куштаву маҷруҳшудагони зиёдеро гузошт.
«Ҳариф буд, ӯӯ ном, ҳатто якчанд номҳо дошт. Вобаста ба табъи инструктори навбатии омодагии ҳарбӣ ӯро «вйетконг», «Чарли», «ҷин», «Гун» ва ё «чашмтанг» меномиданд. Ҳарифро бояд ҳурмат кард, аз ӯ тарс дошт, чунки ӯ корашро хуб медонад ва дар замини худ меҷангад. Аз ҳама асосӣ-барои он, ки ӯ ҳаёти худро муқобили ҳаёти мо мемонад, новобаста аз бартарии ҳарбии мо». Ҷованитти Лен, асари «Дорандаи Ордени Шараф».
Рӯзи 4 август дар халиҷи Тонкин тӯфон бархост. Фармондеҳи флоти уқёнуси Ором Грант Шарп хабар дод, ки ду киштии ҳарбии амрикоӣ-Maddox ва Turner Joy аз ҷониби киштиҳои номаълум, аммо ба гумони ғолиб катерҳои ҳарбии Вйетнами Шимолӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ҷониби катерҳои амрикоӣ 22 торпеда равон карда шуд, ки онҳо бо ҳаракатҳои тактикӣ хостанд канораҷӯӣ кунанд ва оташи ҷавобӣ кушоданд. Ба Вашингтон, ки он ҷо ҳанӯз субҳи содиқ буд, хабари «ҳуҷуми беасос ба киштиҳои ИМА» расонида шуд. Президент Линдон Ҷонсон дастур дод, ки рӯзи дигар амалиёти «Тири ҳадафрас» гузаронида шавад, ки дар натиҷаи он қисми зиёди киштиҳои вйетнамӣ нобуд карда шуд.
Бисёр аз мутахассисон бовар ба он доранд, ки 4 август ягон катерҳои вйетнамӣ ё дигар киштиҳои номаълум наздики киштиҳои ҳарбии амрикоӣ набуданд, яъне маълумот оид ба «моҷарои Тонкин» сохта буд. Соли 1995 Агентии бехатарии миллии ИМА ҳуҷҷатҳоеро ифшо намуд, ки ин фарзияро то андозае тасдиқ мекунанд. Аммо дар ин маврид баҳсҳо зиёд ҳастанд.
Ду Вйетнам
Соли 1945, баъд аз таслимшавии Ҷопон, кишвари хурди осиёӣ истиқлолияти худро эълон дошт-ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Демократии Вйетнам рӯйи кор омад. Қудрат дар мамлакат ба дасти доҳии коммунистон Хо Ши Мин афтод, ки ин омил бунёдан вазъи геополитикии минтақаро тағйир медод. Аммо аврупоиён, пеш аз ҳама фаронсавиҳо, мустамликаҳои худро канор гузоштан намехостанд ва хеле зуд ҷанги нави хунин сар зад. Вйетнам он замон ҳолати ҳайратовари болоравии рӯҳияи миллиро аз сар мегузаронид ва фаронсавиҳо дучори муқобилияти сахт шуданд…
Бо ташаббуси Иттиҳоди Шӯравӣ охири моҳи апрели соли 1954 дар Женеваи Суисс баимзорасии ҳуҷҷати эътирофи мустақилияти Лаос, Вйетнам ва Камбоҷа, ҳамчунин барқарор кардани сулҳ дар минтақа сурат гирифт. Дар натиҷа дар Вйетнам ду «давлат» рӯйи кор омад, ки сарҳадҳои шартӣ онҳоро аз ҳам ҷудо мекард: Вйетнами Шимолӣ бо сарварии Хо Ши Мин ва Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Нго Дин Зйем. Агар Хо Ши Мин сарвари ҳақиқӣ бо доштани обрӯи воқеӣ миёни аҳолӣ буд, пас Зйем дар чашми сокинон, алалхусус шимолиён «лӯхтак»-и муқаррарии Ғарбро мемонд. Хеле зуд ӯ ҳатто ҳамон як зарра обрӯяшро миёни аҳолӣ аз даст дод ва дар ҳудуди Вйетнами Ҷанубӣ ҷанги партизанӣ сар зад. Санади Женева, ки интихоботи демократиро дар назар дошт, барои аврупоиҳо муфид набуд, чун маълум мешуд, ки ғалабаи Хо Ши Мин ногузир аст.
Аз сабабе, ки раванди муттаҳишавии сулҳомез ба бунбаст дучор гардид, соли 1959 роҳбарияти Вйетнами Шимолӣ қарор дод шӯриши коммунистони маҳаллии Ҷанубро дастгирӣ кунад. Натиҷаи ин ҷанги Вйетнам гардид. Ба ҳудуди Вйетнами Ҷанубӣ пинҳонӣ қисмҳои ҷангии артиши Шимол даромаданро оғоз карданд. Хеле зуд ба муноқиша Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шуданд, аммо фатҳи қарибулвуқӯъи кишвар рух надод…  Вйетнам: даҳ соли даҳшат
Тамоми умедҳо ба «мо»
Соли аввали ҷанг ба вйетнамиҳои Шимол муяссар гардид, ки тайёраҳои ҳарбии зиёди амрикоиҳоро маҳв кунанд. Ба ин МиГ-ҳои шӯравӣ ва комплексҳои зиддиҳавоӣ кумак расониданд. Ин комплекҳоро, ки тавассути онҳо қисми зиёди тайёраҳои ҷангӣ нобуд карда шуданд, ошкор кардан душвор буд, чунки онҳо дар ҷангалҳои серанбӯҳи тропикӣ пинҳон карда шуда буданд. Ғайр аз ин, хадамоти кашшофӣ (разведка) хуб кор мекард, ки пешакӣ аз парвозҳои авиатсияи ҷангии душман хабар медод.
Аз оғози ҷанг назди роҳбарияти ҶДВ вазифаи муҳим меистод-бо ҳар роҳу восита ба он иттифоқчиёни бузургаш, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин кашида шаванд. Чун дар ҷанги Корея солҳои 1950-53, қувваи ягонаи воқеие, ки дар ҳолати зарурӣ метавонист кумаки бевосита расонад, Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Ва Чин ваъдаи қатъӣ дод, ки ҷангиёнашро мефиристад, агар низомиёни амрикоӣ амалиёти хушкигардро оғоз кунанд. Ин ваъдаи шифоҳӣ аз ҷониби Пекин асосан иҷро гардид.
Аммо вйетнамиҳое, ки таърихан ба Чин ҳисси нобоварӣ доштанд, «орзу»-и зиёди дидани сарбозони чиниро дар ҳудуди хеш дар дил намепарвариданд: «агар инҳо биёянд, бозпас нахоҳанд рафт». Тӯли таърих вйетнамиҳо борҳо мавриди таҷовузи ҳамсояи бузурги шимолӣ қарор гирифта буданд. Сарварони Вйетнами коммунистӣ кӯшиш доштанд кор то ширкати бевоситаи «ихтиёриён»-и чинӣ нарасад. Маҳз барои ҳамин иштироки васеи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин моҷаро муҳим буд.
Аммо муҳимтар он буд, ки танҳо ИҶШС метавонист силоҳи муосир диҳад, ки Чин чунин имкониятро надошт. Пеш аз ҳама вйетнамиҳоро комплексҳои зиддиҳавоӣ ҷалб мекарданд. Ҳамаи ин дар назар дошт, ки ба кишвар низомиёни шӯравӣ хоҳанд омад-дар Вйетнам мутахассисони чунин сатҳ набуданд.
Таваҷҷуҳи Брежнев
Аммо вазъ зуд тағйир ёфт. Леонид Брежнев, ки моҳи октябри соли 1964 Хрушевро дар маснади роҳбирии Шӯравӣ иваз кард, қарор дод ба муноқиша ҳамроҳ шавад. Моҷарои идеологӣ бо Чин, муносиботи на он қадар хуб бо Кубаи кастроӣ, ки аз сарвари пешин «ба мерос» монда буд ва номуайянӣ дар гуфтушунидҳо бо Ҷумҳурии Демократии Вйетнам хавфи пароканда шудани блоки коммунистиро дар ҷаҳон ба бор меовард. Михаил Суслов, ки таъсираш зиёд шуда буд ва акнун идеологи асосии режими шӯравӣ гардид, талаб мекард, ки дар Ҳиндухитой фаъол бошанд, чун Чин метавонист ҳамчун ягона «муҳофизи халқи Вйетнам» обрӯву нуфузашро зиёд кунад.
Дар ин ҷо тактикаи бошуур, ки вйетнамиҳо дар гуфтушунидҳои Москва ба кор бурданд, нақши худро бозид. Сарвазири зираки ҶДВ Фам Ван Донг, ки қариб чаҳоряк қарн ҳукуматро назорат мекард ва медонист, ки аз охири солҳои 50-ум Брежнев куратори комплекси ҳарбӣ-саноатӣ буд, ба ӯ пешниҳоде кард, ки Леонид Илйич наметавонист аз он даст кашад: бар ивази кумаки ҳарбӣ Иттиҳоди Шӯравӣ метавонист намунаҳои ғаниматии техникаи навтарини ҳарбии амрикоиро соҳиб шавад. Ин тактикаи пурсамари гуфтушунид буд ва моҳи маи соли 1965 ба Вйетнам қисмҳои зенитӣ-мушакии шӯравӣ бо ҳайати шахсӣ равон карда шуданд, ки аллакай 5 август аввалин тайёраҳои ҷангии амрикоиро зада афтониданд. Намунаҳои силоҳи муосири душманро бояд гурӯҳи махсус ҷамъоварӣ ва таҳти омӯзиш қарор медод.
Нобовариро натавон нест кард…
Кумаки ҳарбӣ-техникии шӯравӣ ба Вйетнам ҳамчун сел равон шуд. Вале хеле зуд маълум гардид, ки вйетнамиҳо бо кумак ва кумакрасонҳо аҷиб рафтор мекунанд. Аллакай моҳи июли соли 1966 Вазорати флоти баҳрии ИҶШС Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравиро хабардор кард, ки таҷҳизоти саноатии расонидашударо аз ҳудуди бандари Хайфон берун намебароранд ва он дар иқлими тропикӣ зуд пӯсида, ба оҳанпора мубаддал мешавад. «Зиёда аз ин, «дӯстони вйетнамӣ» фикр мекунанд, ки амрикоиҳо бо шӯравиён муносибашонро вайрон намекунанд ва комплексҳои зенитиро, ки зери ҳамлаи қувваҳои ҳавоӣ ва ҳарбӣ-баҳрии ИМА қарор мегиранд, наздикии киштиҳои шӯравӣ мондаанд, ки ин ба худи киштиҳо ва ҳайати шахсӣ хатари ҷиддӣ дорад»-гуфта мешуд дар гузориш. Дигар намунаҳои «бародарии ҷангӣ» ҳам буданд. Шӯравиҳоро дар ҳама ҷо бо табассум ва бо «эҳсоси гармӣ» қабул мекарданд, аммо ин саҳнасозӣ буд-ва дар он ҷойҳое, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ иҷозат медоданд онҳо бошанд. Ҳузури шӯравиҳо дар кишвар маҳдуд ва ҳар як қадами онҳо таҳти назорат буд. Аз дигар тараф, низомиёни шӯравиро бо дӯстони вйетнамиашон «девори ғафс» ҷудо мекард-тамоми алоқаҳо аз ҷониби хадамоти бехатарии Вйетнами Шимолӣ назорат карда мешуданд, аз рӯйи принсипи «чӣ қадар кам бошад, ҳамон қадар хуб аст». Махсусан онҳо шӯравиёнро аз ҷамъоварии маълумот дур нигаҳ медоштанд: «Мо пойгоҳҳоеро, ки аз ҷониби мушакҳои зиддилокатсионии амрикоии Shrike нобуд шуда буданд, акс мегирифтем,- ба ёд меорад мушовири ҳарбии шӯравӣ Ионас Волунгис,-нишондодҳои нобудкунандаи ин мушакҳоро меомӯхтем. Аммо вйетнамиҳо монеи кори мо мешуданд, плёнкаҳоро аз дастамон мегирифтанд. Бо баҳонаи «ҳифзи ҷони мо» аз мавқеи ҷангӣ дур мебурданд, намемонданд, ки тактикаи амалиёти авиатсияи ҳарифро омӯзем». Чуноне баъдтар маълум гашт, сабаби аслии маҳдудкунии фаъолияти мутахассисони шуравӣ на «ношукрии» вйетнамиҳо, балки мураккабии вазъи сиёсие буд, ки роҳбарияти ҶДВ дар он қарор дошт. Низомиёни чинӣ дар шимоли кишвар, чуноне ки Ханой аз он хавф дошт, на танҳо кумак, балки воситаи фишороварӣ шуданд. Бе дахолати чинӣ Вйетнами Шимолии нимгуруснаро хавфи гуруснагии мутлақ пешорӯ буд, чун Чин нисфи зиёди маҳсулоти ғизоиро, ки тавассути «кумаки бародарона»-и блоки коммунистӣ ба ҶДВ меомад, таъмин мекард. Дар натиҷа Ханой маҷбур буд миёни Москва ва Пекин печ хӯрад.
Ҷанги Вйетнам барои иштирокдорони он санҷиши мудҳиш гардид. Тӯли солиёни ин муноқиша амрикоиёне, ки ҳалок ва беному нишон шуданд, 58 ҳазор ва шумораи захмиён 303 ҳазорро ташкил дод. Шумораи собиқадороне, ки баъд аз ҷанг аз ҳолати стрессӣ даст ба худкушӣ заданд, ба 100-150 ҳазор мерасад (яъне, зиёд аз кушташудагон дар ҷанг). Талафоти вйетнамиҳо боз ҳам гаронтар буд-наздики 2 миллион кушташудагон ва садҳо ҳазор маҷруҳон (маълумотҳо аз ҳам фарқ мекунанд). Дар ин ҷанг аз ду ҷониб бераҳмӣ зоҳир карда мешуд, он бо фоҷиаи деҳаи Сонгми, истифода бурдани моддаҳои ҷангии кимиёвии зарин, иприт ва бомбаҳои кассетӣ, ки миёни аҳолии осоишта қурбониҳои зиёдеро овард, хушунату кинаҷӯиҳо аз ҷониби «вйетконговиҳо»-коммунистони вйетнамӣ нисбати ҳаммиллатонашон, ки таҳти султаи ғарбгарои Сайгон буданд ва асирони амрикоӣ абадӣ нақш хоҳад баст. Он дар ҷаҳонбинии сокинони ИМА таъсири сахт расонид-дар Амрико ҳаракати «хиппи»-ҷавонони эътирозгар, ки бар зидди анъаноти қабулшуда ва аз ҷумла ин ҷанг баромад мекарданд, рӯйи кор омад. Мавҷи эътироз («Марш ба Пентагон» моҳи октябри соли 1967, ки зиёда аз 100 ҳазор ҷавонон дар Вашингтон ҷамъ омаданд, ҳамчунин эътирозҳо ҳангоми анҷумани Ҳизби демократии ИМА дар Чикаго моҳи августи соли 1968) алайҳи ҷанг сурат гирифт, ки дар натиҷа ҳукуматдоронро маҷбур кард ба он хотима диҳанд…
Ҳангоми сафари порсолаи ман ба Амрико чунин тавр шуд, ки мавзӯи Вйетнам маро думболагир буд. Нахуст ман аз ёдгории ҷангҳое, ки садаи 20 Амрико иштирокчияшон буд, аз ҷумла муҷассамаи собиқадорони ҷанги Вйетнам дар Вашингтон дидан кардам. Баъдан, замоне ки як муддат дар Лос-Анҷелес ба сар бурдам, ронандаи мо То-Тои ҷавон, аз насли сеюми вйетнамиҳои муҳоҷир дар Амрико буд. ӯ моро ба минтақа, «квартал»-и вйетнамиҳои Лос-Анҷелес ба меҳмонӣ бурд, ки мо аз ҳунари таббохии ин мардум ва аз суҳбаташон баҳравар гардидем. Ҳама ҷо шиору овезаҳо бо забонҳои вйетнамӣ, аҳён англисист, ки гумон мекунед дар Ханой ё Хошимин ҳастед. Ин ҷо мардум озод аст ва озодона бо либоси миллии худ (насли калонсол) гаштугузор мекунанд ва бо забони худ ҳарф мезананд. То-То ва наздиконаш хушбахт аз он ҳастанд, ки дар Амрико ба сар мебаранд ва гузаштаҳои начандон дурашон аз чанги «вйетконговиҳои бераҳми коммунист» гурехтанд, чун мумкин буд онҳоро маҳв мекарданд. Барои вйетнамиҳои ин ҷо муқимӣ Амрико кишвари озодтарини дунё аст ва онҳо аз тамоми имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор буда, ҳаёти осуда доранд. Ба мо гуфтанд, ки пайваста шумораи зиёди хешовандонашон аз Вйетнам хоҳиши кӯч бастан ба Амрикоро доранд. Ин минтақа «Сайгони хурд» бо тамоми «экзотика»-и ҳиндухитоияш аст.
Дар тарабхонаҳои маҳаллаҳои машҳури Ҳолливуди Ғарбӣ ва Сансет-Булвари Лос-Анҷелес, ки дӯстони маҳаллӣ маро он ҷо меҳмондорӣ мекарданд, ман бо собиқадори ин ҷанг Даррен вохӯрдам, ки замони ҷанги фавқуззикр афсари хурд буд. Аллакай марди солхӯрда, ӯ то ҳол мутмаин аст: виҷдонаш набояд ӯро азият диҳад, чун фармонро иҷро карда буд. Дар бобати Сонгми ва дигар саҳифаҳои фоҷианоки Вйетнам то андозае ҳисси афсӯс дорад, вале…ӯ ба боварии қавист, ки кишвараш мехост ба ин «ваҳшиҳо» демократияро орад, аммо инҳо дарк накарданд…Даррен нафақаи арзанда мегирад ва қариб ҳамасола аз ягон кишвари дунё дидан мекунад. То имрӯз зиёда аз 30 мамлакатро сайр кардааст.
Хуб, ҳар тараф ҳақиқати худро дорад, аммо як чиз мусаллам аст: ин ҷанги даҳшатнок дар таърихи ду кишвар абадан нақши мазбут гузоштааст.

  Вйетнам: даҳ соли даҳшат
Имрӯз тамоми кӯдакони вйетнамӣ на забони русӣ, балки англисиро меомӯзанд. Духтарон орзу доранд, ки амрикои (асосан амрикоии вйетнамтабор)-еро вохӯранд, ки онҳоро барои зисти доимӣ ба Амрико бубарад. Ин маънои онро надорад, ки дар кишвар акнун нисбати «русҳо» (шӯравиҳо) муомилаи бад ҷорӣ шудааст, на. Кишвар соли 1989 ба режими «коммунизми ҳарбӣ» хотима бахшид. Як қатор ислоҳоти иқтисодӣ ҷорӣ карда шуд, ки натиҷаи мусбати худро доданд. Ин маънои онро дошт, ки Вйетнам мавзӯи муқовимати ҳарбиро бастааст ва акнун дарк кардааст, ки иқтисодиёт муҳимтар аст. Солҳои 1995-97 Вйетнам аз рӯйи нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ миёни кишварҳои АСЕАН мақоми аввалро касб кард. Ҳоло иқтисодиёти кишвар аз иқтисодҳои ба таври динамикӣ рушдёбандаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буда, дар самти содирот Амрико мавқеи аввалро касб кардааст (қариб 30%). «Дар сиёсат дӯстони пайваста ва ё душманони пайваста вуҷуд надоранд. Дар сиёсат манфиатҳои пайваста вуҷуд доранд». Зиёд тасдиқ шудааст, ки ҳамаи ин шиорпарокуниҳои идеологӣ ва «дӯстӣ»-ву «душмании» абадӣ назди манфиатҳои иқтисодӣ ҳеҷанд.
Азамат Дӯстов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: