Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муроҷиатномаи бонувони фаъоли ноҳияи Хуросон

Муроҷиатномаи бонувони фаъоли ноҳияи Хуросон

11-09-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 990 нафар
Назарҳо: 31
Муроҷиатномаи бонувони фаъоли ноҳияи Хуросон
Мо, халқи тоҷик набояд фаромӯш созем, ки Тоҷикистони азизи мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳол омада буд ва имрӯз таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна рушд дорад. Халқи тоҷик дар як фазои озоди сулҳу ваҳдат, тинҷию осудагӣ ва оромӣ зиндагӣ доранд. Вале имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз хоинони давлату миллат ин пешравии кишвар, ин ободию шукуфоии Тоҷикистони азизро нодида гирифта, мехоҳанд дар байни мардуми Тоҷикистон тафриқа андохта, бо ин восита оромию осудагии онро халалдор созанд.
Содир шудани чунин як амали террористӣ аз ҷониби генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини Вазири мудофиаи ҶТ, узви Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27.06. соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ворид гардида буд, боз як маротибаи дигар симои аслии ҲНИТ-ро дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон нишон дод. Навобаста аз фаъолият намудан дар вазифаи роҳбарикунандаи яке аз мақомотҳои қудратӣ, маълум гардид, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва ҳаммаслакони ӯ мафкура, маданият ва ҳисси миллию ватандӯстии паст дошта, ба Ватану миллати худ хиёнат намуданд.
Мардуми Тоҷикистон, ки дар як фазои озоду ором ба тоату ибодат машғул буда, шукргузорӣ аз давлату сарвари он доранд, аз чунин бадхоҳони миллат безоранд.
Эй он касоне, ки Тоҷикистони азизро обод дидан намехоҳанд, бидонанд, ки мардуми тоҷикро гумроҳ сохтан наметавонанд. Ин ба «Ҳовон об куфтан» аст. Аз ин рӯ, зарурат надорад, ки чунин афроди нопок барои манфиатҳои шахсии худ Ватанро ноободу мардумро гумроҳу сарсону саргардон намояд. Ин миллат як бор фирефтаи барномаҳои манфиатхоҳонаи чунин дасисабозон шуда буд ва дигар бо роҳи хатарзои онҳо нахоҳад рафт, зеро соҳибистиқлолӣ ва озодию оромии ин кишвар азизтарин муқаддасот барои ҳар як фарди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон мебошад.
Биё, ай ҳамватан ба қадри сулҳу амонӣ ва осудагӣ бирасем. Шукр кунем, ки ин неъмати бебаҳост. Худованд ҳам ношукронро дӯст намедорад.
Аз ҳамин лиҳоз, мо бонувони ноҳияи Хуросон тасмим гирифтем, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ аз пайравӣ бо анъанаҳои неку наҷибонаи пешгузаштагонамон дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлубу нанговар аз як гиребон сар бароварда, дастгири сарвари меҳрубону Ватани азизамон бошем.
Мо бонувони фаъоли ноҳияи Хуросон бо як овоз гуфтанием, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва ҳаммаслаконаш барои ба ин амали террористӣ даст заданашон ва ба миллату давлат хиёнат карданашон бояд дар назди қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб диҳанд ва сохторҳои қудратии мамлакат нисбаташон ҷазои сазоворро раво бинанд.
Бо арзи эҳтиром аҳли бонувони фаъоли ноҳияи Хуросон бо имзои умумии 120 нафар.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (31)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: