Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми сулҳи Париж ширкат мекунанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми сулҳи Париж ширкат мекунанд

12-11-2019, 14:00
Хабарро хонданд: 14618 нафар
Назарҳо: 719
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми сулҳи Париж ширкат мекунанд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо даъвати ҳамтои франсавии худ Эммануэл Макрон бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор доранд, ҳамроҳ бо сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор мамлакатҳо дар маросими ифтитоҳи Форуми дуюми ҷаҳонии сулҳ дар Париж (Paris Peace Forum) иштирок менамоянд.

Ҳамоиши мазкур 12-13 ноябр дар Толори бузурги «La Villette Park»-и пойтахти Франсия баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи форум имрӯз, соати 9:30 бо вақти маҳаллӣ (13:30 бо вақти Душанбе) бо сухани шодбошии Президенти Франсия Эммануэл Макрон баргузор мегардад.

Дар форум Дабири кули СММ Антониу Гутерриш, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари дунё, аз ҷумла президентҳои Тоҷикистон, Эстония, Камерун, ҶАҶ, Чад, Конго, Нигер, Мали, Сербия, Косово, Албания, сарвазирони Арманистон, Белгия, канслери Австрия, муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Коммиссияи Аврупо, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Оғохони IV ва дигарон ширкат меварзанд. Дар маҷмӯъ, дар форуми мазкур наздики 6 ҳазор меҳмонон дар 60 ҳайат, аз ҷумла 30 нафар намояндагони баландпояи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳам меоянд.

Дар муқобили мушкилоти тартиботи ҷаҳонӣ ва дар шароите, ки ҳамкории бисёрҷониба зери суол қарор мегирад, Форуми сулҳи Париж тамоми иштирокдорони манфиатдорро ба ҳам оварда, пешбурди лоиҳаҳоро таъмин менамояд ва ташаббусҳои нав пешниҳод мекунад. Форум ҳамчун як майдони мубоҳисаи байналмилалии сатҳи баланд таъсис ёфтааст, ки дар он муколамаи мустақим оид ба масъалаҳои муҳими ташаннуҷи байналмилалӣ сурат мегирад.

Имсол форум ба мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, амнияти киберӣ ва сифати идоракунии давлатӣ бахшида шудааст.

«Форуми сулҳи Париж бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон таъсис ёфтааст ва ҳадафи он тасдиқи дубораи муҳимияти ҳамкории бисёрҷониба ва амалиёти дастаҷамъона мебошад», — иттилоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти форум дар Париж.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати Форуми сулҳи Париж Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия, ки Ҷумҳурии Франсияро намояндагӣ мекунад, инчунин Бунёди Миллии Илмҳои Сиёсӣ, Бунёди Кёрбер (Fondation Körber), Бунёди Мо Иброҳим (Fondation Mo Ibrahim), Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Франсия ва Донишкадаи Монтеня шомил мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (719)
canada pharmacies top best 16 февраля 2023 17:46
Цитировать          391
best online pharmacy 16 февраля 2023 19:40
Цитировать          392
order drugs online 19 февраля 2023 13:01
Цитировать          393
onlinecanadianpharmacy com 26 февраля 2023 09:32
Цитировать          395
online medications 26 февраля 2023 09:40
Цитировать          396
giant discount pharmacy 27 февраля 2023 01:28
Цитировать          397
cheapest drug prices 27 февраля 2023 09:42
Цитировать          398
best discount pharmacy 8 марта 2023 06:02
Цитировать          407
canadianpharmacynoprescription.net 9 марта 2023 03:28
Цитировать          408
Isabell 11 марта 2023 22:51
Цитировать          413
canada drug 13 марта 2023 09:48
Цитировать          416
mail order pharmacy 13 марта 2023 17:26
Цитировать          418
the discount pharmacy 16 марта 2023 03:39
Цитировать          420
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: