Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар шаҳри Москва Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад

Дар шаҳри Москва Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад

1-11-2018, 07:53
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Москва Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад
Шурӯъ аз 29 октябр дар шаҳри Москва аввалин Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум 10 нафар ҷавонони фаъол намояндагӣ мекунанд.

Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода аз шаҳри Москва ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар рӯзи аввали Форум меҳмонон аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Масква дидан намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон зикр шуд, ки баргузории чунин форум муносибати ҷавононро қавитар намуда, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, форуми мазкур то 4 ноябр идома ёфта, имконият медиҳад, ки ҷавонони ду давлат бо расму оин ва фарҳанги ҳамдигар аз наздик шинос шаванд.

Дар чаҳорчӯбаи форум иштирокчиён бо намояндагони баландпояи Федератсияи Россия: Москва ва Владикавказ ошно шуда, сиёсати ҷавонон ва ҳамкории дуҷонибаи Россияву Тоҷикистонро дар самти ҷавонон баррасӣ менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: