Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ МУАСИСАҲОИИ ОЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ

ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ МУАСИСАҲОИИ ОЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ

13-03-2017, 15:41
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ МУАСИСАҲОИИ ОЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ
Дар доираи сафари кории ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитис ба вилояти Суғд рӯзи гузашта бо иштироки панҷ сарварони муассисаҳои олии касбии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд меморандуми ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия ва муассисаҳои олии вилоят имзо карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот бо сарварони муассисаҳои олии вилоят Вейко Сполитис ва Евгений Грузновс, намояндаи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия дар минтақаи Осиё аз сатҳи ҳамкории кишвари Латвия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо бо таърихи куҳану фарҳангии тоҷикон аз осори гаронмояи академик Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо кардаем.
Директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, ректорони ДДХ Анвар Мақсудӣ ва ДДҲБСТ Ҷамшеди Ҳабибуло барои таваҷҷуҳу оғози расмии ҳамкорӣ ба ҳайати меҳмонон изҳори сипос намуданд.
Сипас меҳмонон бо роҳбаладии директори ДПДТТ номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз ҷараёни таълиму тарбия, ҳолати пойгоҳи техникии Донишкадаи политехникӣ дидан намуда, ба фаъолияти озмоишгоҳҳо, китобхонаву системаи иттилоотии донишкада баҳои баланд доданд.
Вейко Сполитис зимни сӯҳбат аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки чунин системаи идоракунии донишкада на дар ҳамаи муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ амал мекунад. Номбурда барои равобити густурдаи донишкада бо муассисаҳои олии техникии Ҷумҳурии Латвия таклифҳои мушаххас дод.
Каспарс Клявиныш, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Рига низ зимни шиносоӣ аз фаъолияти донишкада аз таҷрибаи пешрафтаи донишкада дар самти навовариҳо васф карда, қайд намуд, ки донишкада дар ояндаи наздик метавонад дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии Латвия устодони донишкадаро ба Ҷумҳурии Латвия фиристад.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Латвия дар вилояти Суғд тайи чанд рӯз идома ёфта, онҳо аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят дидан намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: