БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ1-08-2022, 12:35
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
23 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ, Ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ирсол намоям. Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он дар ҳама арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мебошад. Соли равон Тоҷикистон ва Ҳиндустон 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо тӯли ин давра ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Изҳори умед менамоям, ки Шумо ба ҳайси Президенти Ҳиндустон саъю талошҳои худро ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дареғ нахоҳед дошт. Итминон дорам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баланд хоҳем баровард. Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ ва дар иҷрои рисолати худ комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии бардавом орзу дорам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.