Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд Апрель 25, 2022 14:3026-04-2022, 07:07
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям. Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам. Мо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамеша ҳавасманди густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем. Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду ҷониб робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ пайгирона рушд хоҳанд ёфт. Дар ин зимн даъвати худро аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бори дигар таҷдид менамоям. Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.