Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Розиқзода дар бораи «Антиплагиат» ва рисолаҳои пурғалат

Розиқзода дар бораи «Антиплагиат» ва рисолаҳои пурғалат

24-02-2022, 14:28
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Розиқзода дар бораи «Антиплагиат» ва рисолаҳои пурғалат

Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт:
-Дар таҷрибаи амалии комиссияҳои олии аттестатсионии мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла мамлакатҳои пасошуравӣ истифодаи васеи воситаҳои иттилооти электронӣ, махсусан барномаҳои компютерии «Антиплагиат» ба кор бурда мешавад.
Абдулҳаким Розиқзода ин матлабро 16 феврал дар нишасти матбуотӣ ба рўзноманигорон баён карда афзуд, ки ин иқдом бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Комиссияи олии аттестатсиони мо ҳам барои муайян намудани асолати диссертатсияҳои воридшуда аз ин барнома васеъ истифода мегардад.
Ба андешаи ў, корбурди ин барнома имкон додааст ҳолатҳои зиёди асардуздӣ ошкор гарданд. Ахиран, натиҷаи санҷиши диссертатсияҳо тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия аз як тараф ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат аз сӯйи дигар, сабаби ба миён омадани баҳсу норозигии зиёд гардида, ба баҳси ҷиддӣ табдил ёфт, зеро асолати баъзе диссертатсияҳо 3, 5, 7 ва ҳатто 2%-ро ҳам ташкил медод.
Розиқзода шарҳ дод ки дар Комиссия мулоқоти корӣ бо мутасаддиёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат оид ба барномаи компютерии «Антиплагиат» баргузор шуд ва баррасии масъала баъзе аз мушкилоти мавҷударо дар ин раванд ошкор намуд. Бинобар ба миён омадани мушкилот дар ин раванд ва пешгирӣ кардани саргардонии довталабон Комиссия дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тибқи хоҳишу дархости довталабон санҷиши диссертатсия ва ё авторефератро тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия аз роҳи онлайн анҷом диҳад.Доир ба ин масъала қарори Раёсати комиссия қабул ва бо фармоиши он аз ноябри соли 2021 ба тасвиб расид.
Тавре зикр гардид, аз ибтидои фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ то 31 декабри соли 2021 барои таъсис додани шуроҳои диссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба он 218 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 86 дархост қонеъ ва 109 дархост бо сабаби ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷавобгӯ набудан рад шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта дар ҷумҳурӣ 54 шуроҳои диссертатсионӣ амал ва аз рӯйи 145 ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм қабул ва баррасӣ мекарданд. Дархостҳо ҷиҳати таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ барои баргузор намудани ҳимояи якдафъаина аз рӯйи ихтисосҳое, ба мисли гидрология, физика, биофизика, математика, тиб, геология, таҳлили системавӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисод, таърих ва ғайра ворид шудаанд.
Ба гуфтаи ў, соли 2021 ба Комиссияи аттестатсионӣ 729 диссертатсия ворид шудааст, ки 415 тасдиқ ва 97-тои онҳо рад шудааст.
Раиси Комиссияи аттестатсионӣ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки баъзе шуроҳои диссертатсионӣ ба талабот ва тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва авторефератҳо аҳамият надода, дар таъин намудани муқарризони расмӣ талаботи бандҳои дахлдори Низомномаи намунавӣ оид ба шурои диссертатсионӣ ва тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмиро ба назар намегиранд. Баъзан дар интихоби муқарризони расмӣ ба худию бегона ва ошнобозӣ авлавият медиҳанд, ки Комиссия бо чунин падидаҳо ҳаргиз муросо намекунад ва чунин диссертатсияҳо ҳатман бармегардонад.
Розиқзода бо таассуф ва нигаронӣ гуфт, ки баъзан шуроҳои диссертатсионӣ корро ҷиддӣ наомўхта, асолати онро дуруст насанҷида, экпертизаи дохилиро ҷиддӣ нагузаронида, ҳимояро ташкил мекунанд ва парвандаи аттестатсиониро бо ғалатҳои зиёд ба комиссия мефиристанд.
Раиси комиссия, асолати пасти баъзе диссертатсияҳоро камбудии дигаре донист, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, зеро довталабон дар баъзе диссертатсияҳо бо мақсади фиреб додани барномаи компютерии зидди асардуздӣ барои ошкор нагаштани амашли нопоки худ дар матни диссертатсияаш рамзҳои номаълум мегузорад, ки онро барнома муайян накунад, вале мо боз эксперте дорем, ки онро ошкор мекунад.
Чуноне дар гузориши ин ниҳод омадааст, имрӯз дар ҷумҳурӣ аз 56 шуроҳои диссертатсионӣ 53 шуро фаъолият дошта, аз рӯйи 171 ихтисоси анъанавӣ ва 109 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) диссертатсияҳоро барои ҳимоя қабул мекунанд. Аз ҷамъи шуроҳои диссертатсионӣ 14 шуро ба илмҳои табиӣ-техникӣ, 11 ба илмҳои тиббӣ, биологӣ ва аграрӣ ва 29 шуро ба илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ вобастагӣ доранд.
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: