Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МО 10 МИЛЛИОН ШУДЕМ!

МО 10 МИЛЛИОН ШУДЕМ!

1-08-2022, 11:05
Хабарро хонданд: 73 нафар
Назарҳо: 0
Писаре, ки 23 июл соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошта шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар буда, падари он муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст.
Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.
Вазни тифли навзод 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.
Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оилаи сокини 10-миллиона калиди хонаи сеҳуҷрагиро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳр Дилбар Одилзода ва дигар намояндагони воломақоми кишвар тақдим намуданд.
Модари тифли навзод Махфират Шокирова ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ миннатдории худро баён дошт.
Мувофиқи маълумоти сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Набизода то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 дарсадашро мардон ва 49,3 дарсадро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, ба иттилои ӯ шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба гуфти мавсуф, дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд мешавад, ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 дарсад зиёд мебошад.
Бино ба маълумоти мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 дарсад кам аст. Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шудааст.

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: