Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳ ба 71 миллион сомонӣ баробар гардид Июль 28, 2022 12:56

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳ ба 71 миллион сомонӣ баробар гардид Июль 28, 2022 12:56

29-07-2022, 08:07
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳ ба 71 миллион сомонӣ баробар гардид Июль 28, 2022 12:56

САНГВОР, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли равон ба 71 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин 8,6 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 19,5 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 4 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 39 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

Қисми даромади буҷети ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли равон ба ҷойи 4 миллиону 752 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда дар ҳаҷми 6 миллиону 763 ҳазору 920 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 142 дарсади нақша баробар мебошад.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 49 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин соли 2022 барои сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия, навсозии боғи фарҳангию бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва стансияи бодуҳавосанҷӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома доранд.

Дар ноҳияи Сангвор 70 фоизи аҳолии қобилияти меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунад. Аз ин рӯ кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1540 гектар ғалладона, 1136 гектар картошка, 214 гектар сабзавот ва 50 гектар зағир кишт намудаанд. Кишоварзони ноҳия имрӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла ва меваю асал машғуланд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: