Шиносоӣ аз рафти парвариш ва ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар Кооперативи тиҷоратии "Сомонҷон" дар ноҳияи Данғара 17.06.2022 10:14, ноҳияи Данғара17-06-2022, 11:02
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 6
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва полезиҳо дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" шинос гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини зархез ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладонагӣ, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд. Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" дар 800 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 170 гектар пахта, 200 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 40 гектар ҷуворимакка барои дон, 7 гектар сабзӣ, 20 гектар картошкаи навъи "Тоҷикистон" ва 1 гектар пиёзи тухмӣ кишт шудааст. Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон” дар масоҳати беш аз 600 гектар боғ бунёд гардида, аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати гирифтани аз 3 то 4 ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз 4 ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, дар байни қаторҳои боғ сабзавоту полезӣ, аз ҷмла тарбузу харбуза, помидору бодиринг ва лубиёдонагиҳо кишт карда шудааст, ки нашъунамои хуб доранд. Ҳоло дар заминҳои хоҷагӣ ҳосили тарбуз фаровон буда, маҳсулоти тайёр тариқи мошинҳои махсус ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешавад. Таҷрибаи хоҷагидорон нишон дод, ки истифодаи байни қаторҳои боғ беҳтарин имконият барои афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ва гирифтани самараи бештар аз замин маҳсуб меёбад. Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" таҷрибаи муосири истифодаи самараноки замин ба чашм мерасад. Ҳамин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, ҷав, навъҳои гуногуни себ ва олуи сиёҳ машғул буда, дар заминҳои аз ҳосили гандум холишуда, кишти такрории ҷувримакка барои дон ва кунҷитро ба роҳ мондаанд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии кишоварзони Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон", ки аз сабзавоту полезии тару тоза, ғалладона, мевагӣ ва гиёҳҳои шифобахш иборат буд, дидан намуда, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои табиию истеҳсоли маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ҳидоят намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.