Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бинобар риоя нагардидани қонуни танзим шаҳрвандон ва муассисаҳо ба андозаи беш аз 3 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бинобар риоя нагардидани қонуни танзим шаҳрвандон ва муассисаҳо ба андозаи беш аз 3 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд

9-02-2022, 07:41
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бинобар риоя нагардидани қонуни танзим шаҳрвандон ва муассисаҳо ба андозаи беш аз 3 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузашта шаҳрвандони алоҳида ва муаасисаҳои гуногун ба андозаи умумии беш аз 3 миллиону 96 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки ин маблағ ба буҷети давлат интиқол дода шуд. Дар ин бора Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 8 феврал нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Мавсуф афзуд, ки бинобар риоя нагардидани яке аз қонунҳои миллии кишвар – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи омори пешниҳоднамудаи Суди Олии мамлакат, соли гузашта беш аз 680 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар қиёс ба соли 2020 72 адад зиёд мебошад.

Сулаймон Давлатзода зикр намуд, ки аз теъдоди умумии парвандаҳо 13 парванда қатъ карда шуда, доир ба 668 ҳолат қарори марбута бароварда шуд.

Тибқи маълумоти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим ва ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ дар соли сипаригардида дар миқёси мамлакат 123 ҳазору 323 ҷашну маросим барпо гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 зиёда аз 28 ҳазор адад зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар маҷмӯъ зиёда аз 32 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст, ки 4593 адади он ба шаҳри Душанбе, 4619 адад ба вилояти Суғд, 9953 адад ба вилояти Хатлон, 12660 адад ба навоҳии тобеи марказ ва 673 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул шудааст. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: