Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор барои бунёди биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Шуъбаи маориф санги асос гузоштан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор барои бунёди биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Шуъбаи маориф санги асос гузоштан

24-06-2019, 09:28
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор дар маркази он ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва Шуъбаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешаванд ва дар онҳо барои кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дуошёна сохта мешавад ва дар тарҳи иншоот бунёди 1 толори варзишӣ, 4 утоқи корӣ ва утоқи бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси диёр сохта мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои муаррифии лоиҳаи бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дар масоҳати 20 садяк замин ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бинои нави Шуъбаи маориф сеошёна буда, аз 12 утоқи корӣ ва толори барҳавои маҷлисӣ барои 90 нафар иборат хоҳад буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи ин иншоот ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дар рафти корҳои бунёдӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири кору фаъолият барои кормандон ҷиҳозонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз оғози корҳои сохтмонӣ ва шиносоии пурра бо лоиҳаҳои бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва Шуъбаи маорифи ин ноҳия ба масъулин ва сохтмончиён барои дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расондани корҳо ва таваҷҷуҳи бештар додан ба интихоби масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: