Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУШБАХТИИ МОДАРОН

ХУШБАХТИИ МОДАРОН

27-06-2022, 09:00
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
ХУШБАХТИИ МОДАРОН


Дар толори Кинотеатри «Ватан» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони «Хушбахтии модарон дар Ваҳдат аст»- бахшида ба 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бисту панҷ сол мешавад, ки мо, махсусан занону бонувони тоҷик дар фазои сулҳу суботи сарторсарӣ ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем ва тайи ин солҳо беш аз пеш дарк намудаем, ки ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ ва муҳими саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон ва қалби поку муқаддаси он - шаҳри Душанбе мебошад.
Тавре дар Барномаи ҳизби мо барои солҳои 2020-2025 зикр шудааст: Вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюл ва хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.
Дар ин замина, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандўсти кишвар, бахусус занон - аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузоранд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣҳозиринро аз номи Роҳбарияти ҳизб ба ифтихори солгарди Рўзи Ваҳадти миллӣ таҳният гуфта, шеъри худро, ки фарогири талошу ҷонбозиҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳофарӣ, даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва саршор аз муҳаббату садоқати як зан ба обу хоки ин ватану сурзамин буд, қироат кард.
Сипас, Дилбар Одилзода иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, нақши занонро дар баҳамоӣ ва пос доштани сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Дар идома муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар мавзуъҳои “Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ва “Хушбахтии модарон дар Ваҳдат аст” маъруза намуданд.
Нотиқон иброз доштанд, ки саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург якҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрўзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омўзонида шавад.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Дар ин миён, чанде аз занон-аъзои фаъоли ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамоишро суруду таронахонии ҳунармандони шинохтаи кишвар ҳусну тароват бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: