Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зебогии шаҳр дар ҳусни сокинони он аст

Зебогии шаҳр дар ҳусни сокинони он аст

15-06-2022, 06:00
Хабарро хонданд: 56 нафар
Назарҳо: 0
Зебогии шаҳр дар ҳусни сокинони он аст
Шаҳр муаррификунандаи симои тамоми миллату давлат аст. Шаҳр, ки тозаву озода бошад, ин ба ҳамагон ҳаловат мебахшад. Бахусус ба меҳмонҳое, ки аз хориҷа ба пойтахти мо ташриф меоранд, як рухияи тозае мебахшад.
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Душанбе-шаҳр корҳои сохтумониву ободикунонӣ бо вусъат идома ёфтаистодааст. Бар замми ин бархе аз сокинони шаҳри Душанбе тарзи зисту зиндагони дар шаҳрро риоя намекунанд, ки ин боиси нигаронии ҳукмати шаҳр гаштааст. Ҳукмати шаҳр дар тамоми маҳаллу ноҳияҳои Душанбе шахсони заруриро барои осон кардани вазъият ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо масъул гардонидааст, то онҳо хадди ақал дар яу моҳ ду маротиба сокинони шаҳрро ба шанбегӣ водор созанд, ки ин ба зебогии шаҳр зебогии дигаре замм мекунад.
Дар тозагии шаҳрамон роҳрӯбҳо саҳми махсус доранд. Ба гармову сармо нигоҳ накарда кўшиш мекунанд, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳрамонро тозаву озода нигоҳ доранд. Барои зебо гаштани шаҳр танҳо тозагӣ басанда нест, яъне бояд сарсабзии онро бо долу дарахтони шинондаамон дучанд гардонем. Гулу гиёҳоро решакан накунем, аниқтараш обод, ки карда натавонистем ҳадди ақал хароб накунем. Аз ҳама чизи асос ин партовгоҳо мебошанд, ки ба муҳити экологӣ таъсири манфӣ мерасонад, бахусус ба саломатии инсон зарари калон дорад. Аз ин сабаб сокинони шаҳрро мебояд ба муҳити экологии шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Партовҳоро дар пушти биноҳо напартоянд.
Корҳои ободонӣ дар шаҳр бо маром идома доранд, аз ҷумла сохтани биноҳои баландошёна, боѓҳои фарҳангиву фароғатӣ, боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ барои наврасон ва майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон дар назди аксар биноҳои истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ин ҳама барои вақтхушии сокинони шаҳр аст. Аз ин рӯ онҳоро мебояд, барои аз ин ҳам беҳтар гаштани муҳити шаҳр талош кунанд, чунки сокини пойтахт будан «шараф» аст ва ба ин ном иснод овардан ин «бешараф»-ии мост. Дар шаҳр зиндагӣ кардан, сазовори номи сокини пойтахт шудан ҳам, ифтихор аст. Аз ин рӯ моро мебояд, дар гул-гулшукуфоии шаҳрамон андаке бошад ҳам саҳмгузор бошем!!!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: