Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БОЗСОЗИИ ПОЙТАХТ ИДОМА ДОРАД

БОЗСОЗИИ ПОЙТАХТ ИДОМА ДОРАД

23-07-2019, 10:20
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Шодимурод Аловиддинов, муовини сармеъмори шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тибққи нақшаи генералӣ бозсозӣ дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт, аз ҷумла дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, С.Айнӣ, Аҳмади Дониш, Карамов ва яқ қатор кӯчаҳои асосии шаҳри Душанбе бо суръат идома дошта, як чанд нақша аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст, ки имрӯз мавриди амал қарор доранд.
ӯ инчунин афзуд, ки соли гузашита дар вохурӣ бо масъулини шаҳри Душанбе ва соҳибкорон барои бунёди як қатор биноҳои баландошёна дар кӯчаи С. Айнӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд ва имрӯз дар ин кӯча сохтмони биноҳои баландошёна, иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб, коллеҷҳову муассисаҳои то мактабӣ оғоз гардида, корҳо идома доранд. Ғайр аз ин тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳияи нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мувофқ ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ таҳия гашта, дар шӯрои сарраёсати меъмори шаҳрсозӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси гардида барои коркард ба мақомоти шаҳр соҳибкорону фармоишгарон пешниҳод гардидааст.
Зикр шуд, ки ҳамасола бо супориш ва фармоиши Ҳукумати мамлакат ва қарори раиси шаҳри Душанбе бунёди майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакону истироҳати калонсолон, гулгашту боғҳо идома дорад. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки давоми се соли охир дар пойтахти мамлакат зиёда аз 200 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст ва имрӯз сохтмони зиёда аз 52 майдончаи варзишӣ ва 7 боғу гулгаштҳои шаҳр идома дорад.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: