Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ободонӣ дар пойтахт

Ободонӣ дар пойтахт

22-06-2021, 11:09
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
       Ободонӣ дар пойтахт
Бо гузашти солҳо Душанбеи азизи мо ободу зебо ва сабзу хуррам гашта истодааст. Зеро ниҳолҳои ороишию сояафкан, гулу буттаҳо ва гулҳои мавсимие, ки дар назди корхонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва кучаву хиёбонҳои пойтахт шинонида шудааст ба зебогии Душанбе боз зебогии дигар зам намудааст. Чун ба ин зебогиҳо назар меафкани табъи кас болида ва ифтихори миллии шахс бедор мегардад, ки чунин як шаҳри маҳбубу дилоро дорем. Бо назардошти талаботи шаҳрдорӣ масъулини корхонаву муассисаҳо ва шахсони алоҳида саъй менамоянд, ки ба ҳар восита дар зебогии пойтахт саҳмгузоранд. корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар назди корхонаву муассисаҳо,шаҳраку маҳаллаҳо заҳмати хеле зиёдеро талаб менамояд. Зеро барои шинонидани як гулу бутта ва ё ниҳоле чӣ қадар заҳмату ранҷҳо мебояд, кашид,то ки самаре ба бор орад. Дар баробари маъракаи ниҳолшинониву хуррамгардонӣ ҳамзамон корҳои дигари соҳа низ тақвият ёфтааст. Дар доираи нақшачорабиниҳо оид ба таҷлили сазовори ҷашни 30- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар корҳои соҳавӣ ҳамзамон рангубори биноҳои истиқоматӣ, ташкилоту корхонаҳо бо маром идома дорад. Бо ин мақсад масъулини сохторҳои коммуналии ноҳияҳо ва корхонаҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон аксари биноҳои истиқоматиро дар қаламрави ноҳия рангубор намуданд. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе тибқи пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе масъулини соҳа чораҳои зарурӣ андешида аз рўи он амал намуда истодаанд. Дар ҳақиқат инсон сарчашмаи ҳамаи ободкориву созандагиҳост.Танҳо инсон метавонад созандаву бунёдкор бошад ва аз ин ру мебояд ки заҳмати хамаррузаи якдигарро қадрдонӣ намуд. Покии ҳар як гӯшаву канор, молу амвол, эхтироми моликияти давлатӣ ва сарватҳои пойтахт маҳз аз инсоният вобастагӣ дорад. Ва холо ки мавсими гулрезу сабзиши майсаҳост, кормандони ташкилоту марказҳои саломатӣ, хизматрасонӣ ва муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияҳо тасмим гирифтанд,ки гулҳои рангоранги мавсимиро дар гирду атрофи ҷойҳои кории худ шинонанд. Масъулин ва кормандони чунин муассисаҳо боѓҳои зебоеро таъсис доданд, ки дар он якчанд дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ шинонида шудааст. Зебогии чунин мавзеҳоро ҳар лаҳза ташвиқ бояд кард. Зеро ин метавонад боиси созандагиҳо барои атрофиён бошад. Ва ин иқдомҳои пешакарда боиси дастгирӣ мебошанд. Зеро саҳми ҳар нафаре ба чунин кушишҳо метавонад шаҳри Душанберо аз ин ҳам зеботару ободтар намояд. Сокинони пойтахт дар якҷояогӣ бо фаъолони сохторҳои гуногун пайваста дар сабзу хуррамгардонӣ ва бунёдкории гирду атрофи манзили зисти хеш ва кучаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе саҳми беандозаи худро мегузоранд. Зеро дар пойтахт кору фаъолият намудан ва истиқомат намудан барои ҳар як сокини пойтахт ифтихор аст. Аз ин рў ҳар як гулу буттагуле, ки дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида мешаванд бояд ба қадраш расид, зеро ба қадри сарватҳои пойтахт ва моликияти давлатӣ расидан вазифаи ҳар як сокини пойтахт аст. Ба хотири таъмини фазои мусоиди экологӣ дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ»-и ноҳияи Сино дар атрофи нуқтаҳои муваққатии партовпартоӣ ниҳолҳои гуногуни ороишиву ҳамешасабз шинонида шудааст. Бо истифодаи техникаҳои мавҷуда ин тадбир дар ноҳия амалӣ карда шуд. Масъулини Корхонаи номбурда дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия талош доранд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари ноҳиявӣ тозагии ҳудуди ноҳияро дар ҳама фасли сол таъмин намоянд. Ташкили чунин чорабинии экологӣ низ аз зумраи тадбирҳои болозикр аст. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари нуқтаҳои муваққатии партовпартоии ноҳияи Синои пойтахт вазъи мусоиди экологиву санитарӣ ва гигиенӣ таъмин гардидааст. Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Наклиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ»-и ноҳияи Сино мегӯянд, ки бо вуҷуди гаронии нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти коммуналӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, саривақт барориши партовҳоро аз ҳудуди ноҳия таъмин намоянд. Бо истифодаи имконияти мавҷуда масъулини Корхонаи мазкур барои интиқоли партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи умумишаҳрӣ саъй доранд. Вале сокинонро низ зарур аст, ки дар самти пардохти ҳаққи хизматрасонӣ фаъол бошанд. Зеро қарздории зиёди сокинони шаҳраку маҳаллаҳо дар назди корхона боиси саривақт иҷро нагардидани уҳдадориҳои муассиса мешавад.
То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои башумор мондаааст. Аз ин рў саъю кўшиши сохторҳои дахлдор ва сокинони пойтахт баҳри сабзу хуррамгардонии пойтахт ҳатми ва зарурӣ мебошад. Зеро, дар ин ҷашни пуршукӯҳ меҳмонони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Вазифаи ҳар як сокини пойтахт ободу тозакорӣ намудани шаҳри Душанбеи маҳбуб аст. Пас, сокини пойтахт масъулиятро эхсос намо!

Саида Хоҷаева

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: