Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он мебошад

Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он мебошад

7-06-2017, 08:47
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он мебошад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. «Табиати биҳиштосо ва рӯду дарёҳои мусаффои ватанро поку беолоиш нигоҳ медорем»-таҳти чунин унвон имрӯз дар кӯли фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳашар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.

Мақсади ташкили ҳашарро муовини раиси ҲҲДТ дар ноҳияи Сино Изатулло Ҳабибзод дар тоза намудани соҳилҳои кӯл дар фасли тобистон ва ба ин васила ҳифзи муҳити экологии маконҳои фарҳангиву фароғатӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҳашар аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок намуда, атрофи соҳили кӯлро аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза намуданд.

Бояд зикр намуд, ки кӯли фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» дар фасли гармо яке аз маконҳои зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба шумор меравад.

Ҳамарӯза сокинон ва меҳмонон аз ин макони дилкаш дидан намуда, дар соҳили кӯл зери дарахтони сояафкану ороишӣ истироҳат менамоянд ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он ба ҳисоб меравад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: