Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АСКАРИ ҚАТОРӢ ГЕНЕРАЛИССИМУСРО «ГЎЛ» ЗАД

АСКАРИ ҚАТОРӢ ГЕНЕРАЛИССИМУСРО «ГЎЛ» ЗАД

6-06-2022, 14:00
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
АСКАРИ ҚАТОРӢ ГЕНЕРАЛИССИМУСРО «ГЎЛ» ЗАД
Фармондеҳи бузурги рус Александр Василевич Суворов ҳамеша аз эҳтироми тобеонаш бархурдор буд. Аскарон, бо вуҷуди хеле серталаб буданаш, ўро мисли падар дўст медоштанд. Яке аз хислатҳои ў ин буд, ки ба ҳама гуна суол аз тобеонаш ҳозирҷавобиро тақозо мекард. Посухи «ман намедонам» боиси аланга задани қаҳру ғазаби ў мегашт. Дар чунин ҳолатҳо Суворови машҳур аз ғазаб сурх мешуд, дод мезад, бо пойяш заминро мекўфт, вале аскаронро ҷазо намедод ва бо ҳамин оташи ғазабаш паст мешуд.
Рўзе Александр Василевич давр зада, посбоноро тафтиш мекард. Аз аскари посбон суол кард «Дар осмон чанд ситора мавҷуд аст?». Аскар бидуни андеша фавран посух дод «Ҳоло ҳисоб мекунам» ва ба шуморидан оғоз кард. Ҳаво хеле сард буд. Суворов, ки ситорашумории беохири аскар ба дилаш зада буд, зери лаб ғур-ғуркунон аз ў дур шуд: «Ҳатто генералссимусро гўл зад, шайтон!»

ЧӢ ГУНА «ГУНАҲКОР» АЗ НАЗДИ «БЕГУНОҲОН» РОНДА ШУД.

Боре императори Русия Николайи 1 ба маҳбас рафт, то таҳқиқ кунад, ки маҳбусон барои кадом гуноҳ маҳкум шудаанд.
Ў як-як аз маҳбусон суол мекард ва онҳо бо навбат посух медоданд:
- Бо гумони дуздӣ, Ҷаноби Олӣ!- мегуфт яке.
- Бо гумони куштор, Шоҳаншоҳи бузург!- ҷавоб медод дигаре.
- Бо гумони оташ задан,- гузориш медод савумӣ…
Танҳо як пирамард, ки мўй ва риши сафеди парешон ва дастони шахшўл дошт, чунин посух дод!
- Барои ҷурми бузург, Падари Олишон! Ҳангоми сархуш будан бо рафиқам муштзанӣ кардем ва ўро куштам, ба сараш зарбаи сахт задам, бечора тоқат накард.
- Ҳоло пушаймонӣ ба назарам?
Пирамард бо чашмони маҳзун ашконашро бо остини куртааш пок карда, ба Николай Павлович нақл кард, ки баъд аз сари рафиқи марҳумаш зану кўдаконаш бесаробон монданд. Ў худро қотил мешуморад ва гуноҳаш нобахшиданист. Ғайр аз ин пас аз ҳабс шудани ў низ дар хона кампираш, писари бемораш ва набераҳои хурдсолаш бесаробон монданд. Назди онҳо низ худро, ки ноновари хона буд гунаҳкор меҳисобад.
Император, баъд аз бодиққат гўш кардани пирамард, ба нозирони маҳбас фавран дастур дод:
- Азбаски ин ҷо ҳама «бегуноҳ»-у танҳо пирамард гунаҳкор аст, дарҳол ўро аз ин ҷамъият ронед ва ба хонааш фиристед, вагарна ў бо ҳузураш ин маҳбусони «бовиҷдон»-ро нороҳат месозад!

Наргис Шамсова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: