Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАН ХИЁНАТКОРРО НАМЕБАХШАД

ВАТАН ХИЁНАТКОРРО НАМЕБАХШАД

30-05-2023, 10:07
Хабарро хонданд: 1868 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАН ХИЁНАТКОРРО НАМЕБАХШАД

Чуноне, ки ҳамагон медонем дар давраи ҷаҳонишавии босуръат як тоифа соҳибқудратҳои манфиатҷӯй дар зери ниқоб барои амалигардонии ҳадафҳои ғаразноки худ байни ҷомеаи орому осуда бо қалбҳои нопоки худ ба ин раванди пуртазоди ҷаҳонишавц таъсири манфии худро расонида истодаанд. Бояд қайд кард, ки гуруҳҳои мухолиф дар замони муосир ҳамчун яроқ аз ҷониби ташкилотҳои ифроти истифода шуда, ҷиҳати ба сомон расонидани ҳадафҳои ғаразноки ғайриинсонии онҳо хизмат мекунад ва бо ин хизматҳояшон бар ивазаш чанд маблағи ночиз мегирад. Мо метавонем ТТЭ ҲНИ-ро мисол орем, ки дар Аврупо зери фармони ниҳодҳои қудратманд чуноне, ки дида истодаем кор мекунанд ва нанговараш он аст, ки миллату Ватани худро бо ду тангаи ночиз мефурушанд. Хиёнаткор ватанфурӯш, бегонапараст Муҳиддин Кабирц ва чанд тан атрофиёнаш аз дури дур истода ба Ватани азизамон ва ҳамватанони худ хатар эҷод мекунанд.

Чуноне ки воқеаҳои Бадахшон гувоҳи медиҳанд ва аз шабакаҳои интернети огаҳи дорем Муҳиддин Кабирц баъди ба Аврупо рафтан бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш номи ҳизби терористии худашро тағйир дода фаъолияти иғвоангези худро идома дода истодааст ва дар туъмаи ҳайвонсифатиаш ҷавонони ноогоҳи тоҷик аз ҷумла ҷавонони Бадахшонро бо найрангҳои худ ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб карда аз онҳо ба мисли худаш ноҷавонмардони хиёнаткор ва ватанфурушро омода мекунанд. Ба ин мисол шуда метавонад чанд тан аз ҷавононони бадахшони, ки фирефтаи суханони ноҷавонмардонаи ин хиёнаткорон гашта дар нооромиҳои рузҳои охир дар Бадахшон даст доштанд. Ба ҳамагон маълумаст ки хиёнат ба Ватан ин набахшиданист. Шахсе, ки ба ватани худ хиёнат мекунад вай ба модару миллати худ хиёнат карда мебошад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд. Ин бадтинатон ва хиёнаткорон ба ғайр аз ноором кардани мафкураи ҷавонон, ба ҷуз халал эҷод кардан ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори дигар надоранд.

Мардуми тоҷик саҳифаҳои талхи солҳои 90-умро, ки ҷанги бародаркуш ҷомеаро ноором кард, ҳеҷ вақт аз хотираш фаромуш намекунад. Имрӯз дар ҷомеаи ороми кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст ва ҷавонони бо нангу ор ва бономуси мо низ ҷавонони солҳои 90-ум нестанд, ки дар ғафлат бимонанд. Ба хиёнаткорон гуфтаниам, ки мо ҷомеаи солим, миллати сарбаланд як неруи пурқудратем ва ба дасисаҳои хиёнаткорон дода намешавем. Саҳифаҳои таърих хиёнаткорро намебахшад. Хиёнаткор то абад хиёнаткор буда, ба ягон мақоме сазовор намешавад.



д
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: