Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Макун хештан аз роҳи рост гум...

Макун хештан аз роҳи рост гум...

18-09-2018, 07:38
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
Макун хештан аз роҳи рост гум...
Дар шароити кунунӣ, ки мақсади мо сидқан дӯст доштани Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкиму густаришу давлати миллӣ, меҳнати созандаву бунёдкорона бар нафъи ҷомеа ва бад-ин васила расидан ба зиндагии хубу шоиста арзёбӣ мегардад. Нафароне чанд худро «қаҳрамон» муаррифӣ намуда, мехоҳанд бо таъсису ташкили ҳаракату созмонҳои дурӯғин ҳадафҳои ғаразноки хешро рӯи кор бароранд. Вале бехабар аз он ки тоҷикон таърихи бойи давлатдорӣ доранд ва шароити мураккаби зисту зиндагонӣ, рӯйдодҳои мухталифи сиёсӣ – иҷтимоӣ, динию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим, бархӯрдҳои тамаддунҳо бо тамаддунҳои дигар дар дарозои таърих моро адолатгустару соҳибтадбир ва андешаманд гардонидааст. Таҷрибаҳои кофӣ дар ин масоил ба даст овардаем.
Моро имрӯз мебояд, ки ба вижагиҳои замоне, ки дар он умр ба сар мебарем оқилонаву одилона сарфаҳм равем, сулҳу амният, тавҳиду баробарӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро ба роҳ монда, фардои ояндагонро мунаввар созем ва ҷойгоҳи миллати ориёӣ – тоҷикро дар байни миллатҳои мутамаддини ҷаҳон боло бардоем.
Таъсис ва ташкили созмони ба ном «Паймони миллӣ», ки дар Варшава, пойтахти Лаҳистон рӯи кор омад, моро ҳушдор месозад, то аз ҳифозати Ватан, марзу буми он, оромиву осудагии кишвар бори дигар андеша намоем, нагузорем, то хоинони Ватан, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов мардуми мо, алалхусус, ҷавононро ба доми фиреби хеш мекашанд, ҳар лаҳза эшонро ба хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба Ватани худ, ки ин ҷо хуни нофи онҳо рехтааст, садоқат ба Меҳани азиз даъват намоем!
Имрӯз, ки арзиши асосӣ ва муҳимтарин меъёри давлатдорӣ адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва маҳз ин вижагӣ маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, бояд дар атрофи сарвари ин давлати ҳуқуқбунёд ҷамъ оем, бо ҳам кишварро ободу хуррам гардонем ва аз ҳаёти босаодати хеш шукргузор бошем, зеро мазмуну моҳияти кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва пешвои халқ адлу инсоф ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст.
Намунаи беназири он мулоқоти Раиси кишвар бо мардуми Бадахшони Кӯҳӣ ба шумор меояд, ки санаҳои 14,15-16.09.2018 баргузор гардид.
Меҳрубонию ғамхории Сарвари давлат ба аҳли ҷомеа беҳадду канор аст. Андеша, суханрониҳои адолатпарвари Эшон ба пири фартут ҳам ҷавонӣ ато менамояд. Гумон дорем, изҳороти мо, дар мавриди маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷик зуҳуроти адолат аст, то онҳо дар зиндагии хеш роҳи дурустро дарёбанд. Дар роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ ва башардӯстӣ пайваста ташаббус нишон диҳанд, зеро зода ва парвардагони сарзамини Тоҷикистон ҳастанд.
Бо гумони ғолиб ба онҳо таъкид ба таъкид муроҷиатан мегӯем: «Ҳар нафаре, ки худро аз роҳи рост гум мекунад, саранҷом худро ба гирдоб меафканад:

Макун хештан аз роҳи рост гум,
Ки худро ба дӯзах барӣ бофдум.»

Сулҳ мояи ҳаёт аст. Ватанхоҳӣ ва ҷасорат барои рушди устувори сулҳ кафили асосӣ буда, муҳимтарин омили пирӯзӣ маҳсуб меёбанд!
Ба қадри Меҳани азиз бирасед, фарзандони ғофилу гумроҳ…
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: