Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » "Чаҳоргонаи нормандӣ" сари интихоботи Донбасс ба созиш нарасид

"Чаҳоргонаи нормандӣ" сари интихоботи Донбасс ба созиш нарасид

7-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
"Чаҳоргонаи нормандӣ" сари интихоботи Донбасс ба созиш нарасид
Вазирони корҳои хориҷии Украина, Олмон, Русия ва Фаронса дар масъалаи калидии дидор - баргузории интихобот дар минтақаҳои ҷудогонаи Донбасс натавонистанд тавофуқ кунанд.

Олмон ва Фаронса пешниҳод карданд, ки интихобот дар нимаи аввали соли 2016 баргузор шавад. Ба гуфтаи раҳбари ВКХ Русия Сергей Лавров, ин кишвар омода буд аз ин пешниҳод ҳимоят кунад, аммо Киев хоҳиш кард, ки дар ин масъала пофишорӣ накунанд.

Раҳбари ВКХ Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ин дидори баргузоршударо хеле душвор унвон карда, афзуд, ки ширкаткунандаҳо наметавонанд, на аз натиҷаҳои дидор ва на аз вазъият дар Донбасс қаноатманд бошанд. Ба гуфтаи Штайнмайер, муқаррароти оташбас ба хусус дар минтақаи тамоси миёни ҷудоихоҳон ва артиши украинӣ ҳамчунон вайрон карда мешавад. Дар чунин шароит пойбандии рамзӣ ба тавофуқоти Минск аллакай нокофист, зикр кард вазири корҳои хориҷии Олмон.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ Москваро дар ҳимояти ҷудоихоҳон дар шарқи Украина айбдор мекунанд. Онҳо иддао доранд, Русия ба он ҷо низомиён ва аслиҳа мефиристад ва ба ин тартиб тавофуқоти Минскро вайрон мекунад. Аммо Русия ин иттиҳомро рад мекунад.

Украина бошад натавонист дар иҷрои вазифаҳои тибқи тавофуқоти Минск ба худ гирифтааш ба пешрафтҳое ноил шавад. Аз ҷумла, дар мавриди анҷоми ислоҳот ва ғайримарказонидани қудрат дастовардҳое дида намешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: