Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ САЛОМИ САМИМӢ ТО КАЛОМИ КАМБУДӢ

АЗ САЛОМИ САМИМӢ ТО КАЛОМИ КАМБУДӢ

25-05-2022, 15:16
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
АЗ САЛОМИ САМИМӢ ТО КАЛОМИ КАМБУДӢ

6 майи соли равон тасмим гирифтем, то ба сафари хизматӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон раҳсипор шавем. Сафари ман ба ин ноҳияи дурдаст бори аввал буд. Аз дурии роҳ хаста шуда, ба худ меандешидам, ки бояд намеомадам. Зеро то ба марзи ин ноҳия ҳудуди 4-5 шаҳру ноҳияи дигарро убур кардем. Ақрабаки соат аллакай 17-ро гузашта буду ҳар дақиқа аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсидин шоҳин ба телефонам занг меомад, ки куҷо расидаему куҷо шудем. Вақте дохили ноҳия гардидем, насими фораме ба димоғамон расид, ки табъамон якбора болида гашту хастагии роҳ каме ба боди фаромӯшӣ рафт. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаву саҳрову теппаҳои сабзпӯш ва манзараҳои дилфиреби табиати ноҳия моро вориди дунёи дигаре намуд. Воқеан ҳам, инсон ҳамеша дар паи кору заҳмати зиндагӣ, боз ба истироҳату фароғат ва фазои хушбоду ҳавову нафаси тоза ниёз дорад...

Ҳамин гуна, вақте ба бинои ҳизбии ноҳия наздик шудем, тибқи гуфтаи раиси КИ ҲХДТ-и ноҳия Толиб Назарзода, ки ҳамроҳи роҳбарияти ноҳия дар қабули меҳмонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш буданд, дар даромадгоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб моро бонувони ин коргоҳ Малоҳат Қурбонова-сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Овози халқ” ва Мавзуна Суннатуллоева-мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони ҳизб самимона пешвоз гирифтанд. Азбаски вақт ҳам наздик ба шом буд, пас аз андак суҳбати хуши ҳамсафони ҳизбиамон, идомаи корро ба фардо гузошта, Абдуҷаббор Неъматзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҳизб моро дар меҳмонхонаи барҳавои ноҳия ҷой намуд.
Субҳи содиқ, ҳангоми аз меҳмонхона берун шудан, манзараи аҷибе моро дар ҳайрат гузошт. Роҳраву кӯчаҳои ноҳия пур аз одам буду ҳама машғули поккорӣ буданд. Вақте пурсон шудем, гуфтанд, ки аз муовини аввали раис то ба раиси ҳизбу кормандонашон ва мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо либосҳои саҳроӣ ҳамарӯза бидуни супорише ба покизагиву сабзазоркунии роҳраву кӯчаҳои ноҳия машғул мешаванд. Хоксорӣ дар ин мардум то ба он ҳаддест, ки агар бо ангушт ишора намекарданд, на роҳбарияти ноҳияро мешинохтему на раиси ҳизбро.
Ҳамчунин, пас аз шиносоӣ бо Толиб Назарзода, раиси КИ ҲХДТ-и ноҳия дар бинои ҳизб бо аҳли кормандон вохӯрӣ намуда, оид ба фаъолияти ҳизб ва муваффақияту дастовардҳои он суҳбате оростем.

- Фаъолияти кории имрӯза ва таблиғу ташвиқи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз рӯи кадом принсипҳо ба роҳ монда шудааст?

- Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома, Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кор ва фаъолият намуда, дар давраи ҳисоботӣбо мақсади иҷрои қарорҳои Анҷумани 13-ум, маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста чораҳои таҳкимбахшро мавриди иҷро қарор медиҳад. Соли сипаригардида аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ865 вохўрӣ, 84 аксияи ҳизбӣва 2 мизи мудаввар доир ба тарғиби самтҳои афзалиятноки ҳизбӣва татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар маҳалҳои дурдасти ноҳия баргузор шуданд. Дар баробари ин, барои пешгирӣва паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус, истифодаи самараноки замин ва ҷиҳати сарфакорона истифода намудан аз неруи барқ дар асоси Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Холдингии “Барқи тоҷик” дар моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2021 дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз ҷониби кормандони комиҷроияи ҳизбӣбо усули маъмулии “Хона ба хона” беш аз 1789 вохўрӣдоир гардида, ҳамзамон, беш аз 5467 маводҳои тарғиботии ҳизбӣтибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тибу барқ ва 3423 мавод вобаста ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин тақсим карда шудааст.
Ҳамчунин, корҳои тарғиботӣдар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣасоси фаъолияти ҳизбиро ташкил дода, дар ин самт дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста кор бурда мешавад.

- Масъулини КИ ҲХДТ-и ноҳия ҷиҳати нуфузу эътибори ҳизб чӣ чораҳоро рӯи даст гирифтаанд?

- Тибқи дастур ва супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи боз ҳам пурзўр намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, муайян намудани миқдори ҷонибдорони ҳизб ва зиёд намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби зиёиён, кишоварзон, ҷавонону занон ва дар ташкилоту муассисаҳо, инчунин, дар маҳаллаҳо таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии нав ҳамеша дар маркази диққати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия қарор доранд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади амалӣнамудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизб дар байни ҷомеа ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣдар ташкилотҳои ҳизбӣтаҳти унвони “Раҳнамо- барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” дар байни роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣсеминар-машварати омўзишии дастурдиҳӣмунтазам ба роҳ монда шуданд. Дар робита ба ин, дар 69 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣаз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣбеш аз 114 семинару машваратҳои омўзишии дастурдиҳӣдоир карда шуда, маърифати зеҳнии корбариву коргузории роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣто дараҷае баланд бардошта шуд.

- 30-солагии Истиқлоли кишварро ташкилотҳои ҳизбии ноҳия бо чӣ гуна дастовардҳо пешвоз гирифтанд?

- Мувофиқи супориши Роҳбари ҳизб ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ростои истиқбол аз ҷашнвораи бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо баҳри пойдории амният, муборизаи зидди ифротгароӣ, терроризм, экстермизм, коррупсия пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, равияҳои ғайриқонунии мазҳабию динӣ, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор тайи солҳои 2018-2028” дар сатҳи маҳдуд бо иштироки сокинони ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳо амалӣгардиданд.
Ҳизбиёни ноҳия дар доираи аксияи тарғиботӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” бобати мусоидат ба корҳои бунёдкорию созандагӣкўшиш ба харҷ дода, бобати ободу зебо гардонидани назди биноҳои маъмурӣва сохтмони иншооти гуногуни хусусияти иқтисодию иҷтимоидошта пайваста мусоидат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣдар арафаи истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли сипаришуда кормандони масъули ҳизбӣдар ҳамоҳангӣбо собиқадрони ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва истифода аз ихтиёриёни ҳизбӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо қишрҳои гунонгуни ҷомеа “Даҳаи тантанаҳо”-ро таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлату давлатсозии навини точикон”-ро доир намуда, дар ин муддат нақши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими давлату давлатсозии навини тоҷикон ба умқи ҷомеаи шаҳрвандӣ расонида шуд.

- Шумори аъзои ҲХДТ дар ноҳия чанд аст?

- Дар ноҳия шумораи умумии аъзои Ҳизби Хал ии Демократии Тоҷикистон то имрўз ба 3150 нафар расидааст. Аз ин шумора 1044 нафар дорои маълумоти олӣ, 406 нафар маълумоти олии нопурра, 567 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 1133 нафар маълумоти миёна доранд. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 84 дарсади он кормандони соҳаҳои мухталифи буҷетӣбуда, ба буҷети ҳизб тибқи талаботи оинномавӣаъзоҳаққӣмесупоранд.
Ҳамчунин, дар назди кумиҷроияи ноҳия гурўҳи ихтиёриён бо шумораи 30 нафар дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтиёрӣ” таъсис ёфта, бобати ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи имкониятҳои ноҳия ба корҳои бунёдкорию созандагӣва тарғибу таблиғи вазифаҳои ҳизбӣҷалб мешаванд.
Бо вуҷуди муваффақиятҳо дар баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣкамбудию норасоиҳо ба назар мерасанд. Бахусус, дар самти пешниҳоди саривақтии расмҳои аъзои ҳизб ва таъмини онҳо бо дафтарчаҳои ҳизбӣҳамоно мушкилиҳо ҷой дошта, бо сабаби ҷиддӣ муносибат накардану беҳавсалагии роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣто имрўз 103 нафар аъзо соҳиби дафтарчаҳои ҳизбӣнагардидаанд. Ҷиҳати хубтару беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дида баромадани сатҳу сифати ҳайати аъзои ҳизб дар 69 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣкорҳои муқоисакунӣмунтаззам ташкил ва баргузор гардида, корҳо дар ин самт зери мавзуи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизб” пайваста идома хоҳанд кард.

- Ҷиҳати сулҳу субот ва амнияти саросарии кишвар ташкилотҳои ҳизбии ноҳия имрӯз чӣ нақше гузошта истодаанд?

- Воқеан ҳам, яке аз масъалаҳои мубрам вобаста ба фаъолияти ҳизбӣдар шароити ҳассоси имрўза ин сари вақт омода ва пешниҳоди вокунишҳо ба матолибу маводи гурўҳҳои мухолифи давлат ва амали барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мебошад, ки дар ин масъала то имрўз мушкилиҳо ба назар мерасанд.
Саҳми вакилони мардумӣ, ки аз ҳисоби мандати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот вакил интихоб гардидаанд, дар омодасозӣва пешниҳоди матолиби вокунишӣназаррас нест. Ҳамчунин, баргузории вохўрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон аз ҷониби вакилони мардумӣқариб ба гўшаи фаромўшӣрасида, зарурати тадбирандеширо дар ин маврид ба миён овардааст.
Ногуфта намонад, ки вобаста ба авзои ҷомеа ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба матолибу маводҳои танқидии гурўҳҳои мухолифи давлат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣмунташир мешаванд, вокунишу раъдия омода шуда, дар саҳифаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 78 андешаю вокуниши кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар фаъолони ҳизбӣманзури истифодабарандагони шабакаи интернет гардонида шуданд. Ҳамзамон, ин маводҳо дар рўзномаи ҳизбии ноҳиявии “Овози халқ” мунташир шуда, бо шумораи 400 нусха ҳар моҳ дастраси хонандагон гардонида мешаванд.
Боварии комил дорем, ки дар якҷоягӣбо нишон додани ҳамрайии комили ҳизбӣдар ҳалли тамоми масъалаҳои ҷойдошта муваффақ мегардем ва чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатиро ба василаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи сартосарӣ, ҳамдигарфаҳмию пешрафт ва таҷаллии ормонҳои демократии ҷомеа табдил медиҳем!

- Ташаккур барои суҳбат ва пазироии самимӣ!

Суҳбаторо Қурбон АҲМАДЗОДА,
Душанбе-Шамсиддин Шоҳин-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: