Конференсияи ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар5-06-2017, 11:39
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи ХV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар баргузор гардид, ки дар кори он Абдураҳим Шоҳиён мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ҳамро Салимов сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва 198 нафар вакилон иштирок намуданд. Ҳизбиёни ноҳия баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳо ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош менамоянд. Дар ҳисобот оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раъйпурсии умумихалқии соли 2016 оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумурии Тоҷикистон, баррасӣ ва омӯзиши Паёмҳои ҳамасола, фаъолияти Ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотӣ, вобаста ба санаҳои муҳими таърихии соли равон 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон қайд карда шуд. Мунаввара Сатторова, аз ҷумла дар бораи фаъолияти сусти баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба пардохти ҳаққи узвият, пешниҳод накардани протоколи маҷлисҳои ҳизбиву ҳисоботҳои оморӣ, ташкил накардани ҳуҷраҳои ҳизбӣ, тартибу низоми ҳуҷҷатнигорӣ ва насби шиору овезаҳои ҳизбӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳим Шоҳиён зимни баромади худ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ҷиҳати амалӣ намудани Оиннома, Барнома ва Низомномаи ҳизбӣ, амалӣ намудани қарорҳои Анҷумани Х11, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ, ҳайати сифатии аъзои ҳизб, баргузории ҷаласаҳои сиёсӣ, соатҳои сиёсӣ, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, фаъолияти Гурӯҳи вакилӣ, масъалаи ҷавонон, рӯйдодҳои хатарзои замони муосир, комиссияҳои занону ҷавонон, вокуниш ба интиқодҳои муғризона ва ғайраҳо ақидаҳои хешро баён дошта, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ дастуру супоришҳои судманд доданд. Узви ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Маҳмадалиева дар кори Конференсия иштирок карда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуданд. Дар фарҷоми Конференсия як гурӯҳ фаъолони ҳизбӣ бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар сарфароз гардонида шуданд. Баъди ба охир расидани кори Конференсияи ХV-уми ҲХДТ маҷлиси аввалини Кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроия интихоб карда шуд. Оид ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.