Дарёфти тарҷумаи қадимаи нодири Сино дар Ирландия
Дар Ирландия тарҷумаи қисми асари машҳури Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Ал-Қонун фи-т-тиб» ба забони ирландӣ ёфт гардид, хабар медиҳад сомонаи listelist.com.
Оилаи Корнуолл дар пойтахти Британияи Кабир қариби 500 сол ба сар мебарад. Аз ҳамин ҷо ин қисса оғоз мегардад. Ин авлод якчанд насли дўстдорони ашёи қадимаро тавъам сохтааст. Миёни ашёи таърихии ба онҳо тааллуқдошта китоби хурди бо забони лотинӣ таълифшуда ёфт гардид, ки он ба масоили идоракунии маҳаллӣ бахшида шуда буд. Китоб солҳои 1530 таълиф шуда, аз аввалин нашрҳои чопии Британияи Кабир маҳсуб мегардад. Соли гузашта диққати аъзои оиларо пораи пергамент (пўст), ки ба ҳайси муқоваи китоб хидмат мекард, ҷалб намуд-ба назар, ин як дастхате бо забони ирландӣ буд. Корро ба таъхир нагузошта, онҳо ба қарор омаданд, ки ба мутахассисон муроҷиат кунанд.
Аъзои оила ба профессор Патрик О,Махан аз Институти пажўҳишҳои пешрафтаи Дублин муроҷиат намуданд. Ў ошкор кард, ки дар пергамент қисми тарҷумаи китоби олими машҳури тоҷик Абуалӣ ибни Сино оварда шудааст. Тибқи гуфтаи профессор, ин кашфиёт ўро ба ҳаяҷони бузург овард: «Ин яке аз ҳамон лаҳзаҳое буд, ки зеби зиндагии мост, дар ҳақиқат, ин лаҳзаи хеле, хеле таъсирбахш буд».
Пораи пергаменти ёфташуда навиштаҷотест, ки ба физиологияи ҷоғ, бинӣ ва миён бахшида шудааст. Аз ҳама қисми кам осебдида матнест, ки физиологияи биниро шарҳ медиҳад. Дар он ба таври васеъ се функсияҳои устухони бинӣ оварда шудааст: «нафас кашидан барои қавӣ намудани мағзи сар» ва «қисме аз ихроҷи мағзи сар биниро ғизо медиҳад, дигараш аз организм ҳамчун зиёдатӣ бадар мешавад».
Патрик О,Махан иброз медорад, ки дар асрҳои миёна тиб дар Ирландия аз тибби қитъа (Аврупо) фарқ намекард. Олимони ирландӣ дар макотиби Аврупо таҳсил мекарданд ва баъдан ба Ватан баргашта, ба табобат машғул мешуданд. «Маънои тарҷумаи ин қисми китоби Сино ба забони ирландӣ ин аст, ки дар кишвари мо дар қарнҳои миёна омўзиш ба ин забон бурда мешуд, забони лотинӣ бошад дар дигар соҳаҳо корбурд мегардид»,-мегўяд профессор О,Махан.
Гуфта мешавад, дарёфти ин тарҷума тасаввурот оид ба алоқаҳои Аврупо бо ҷаҳони Шарқро дар замони «Ренессанси Исломӣ» ба куллӣ дигар мекунад:
-Манускрипти ёфташуда-ягона навиштаҷот бо забони гэлӣ (ирдандӣ) аст, ки алоқаи густурда миёни Шарқ ва Ғарбро нишон медиҳад. Он ба солҳои 1400 мансуб буда, далелҳои раднашавандаи таъсири Абуалӣ ибни Сино ба тиби Ирландияро исбот мекунад. Масалан, он шаҳодат медиҳад, ки табибони ҷавон аз «Ал-Қонун» ҳамчун дастур истифода бурда, дар таҷрибаи худ ҳамчунин ба тибби Шарқи Қадим такя мекарданд. Ва ахиран, манускрипти ёфташуда устураи онро, ки гўё Ирландия кишвари дур ва аз ҷаҳон пўшида буд, мешиканад,-мегўяд профессор Падрайг Мачейн аз коллеҷи Донишкадаи Корк (Ирландия), ки пергаменти мазкурро аз оилаи Корнуоллҳо дарёфт карда буд.
Баъд аз ин кашфиёт профессор Мачейн қарор дод ба доктори Институти пажўҳишҳои Дублин Аюбхон Ник Донҳад-ягона коршинос дар ҷаҳон оид ба тибби асримиёнагии ирландӣ муроҷиат кунад. Профессор Донҳад аслияти тарҷумаи «Ал-Қонун»-ро тасдиқ намуд. «Дар бозёфтҳои пешин мо танҳо ишора ба асарҳои Синоро дида метавонистем. Зиёда аз ин, бисёр навиштаҷоти аслӣ ҳанўз дар қарни 16 гум шуда буданд. Ана акнун мо боварӣ пайдо намудем, ки «Ал-Қонун»-и Сино ба забони ирландӣ тарҷума шудааст. Нигоҳ накарда ба он, ки ин манускрипт қисми шоҳасари Сино маҳсуб мегардад, он дар таърихи Ирландия нақши муҳим дорад»,-изҳор дошт профессор Мачейн.
Айни замон, аз сабаби муҳимияти пергаменти мазкур на танҳо ба таърихи илм ва тиби ирландӣ, балки илми ҷаҳонӣ, он аз рўихати китобҳои дастраси коллеҷи Тринитии Дублин ҳазф карда шуда, бо роҳбарии профессор Мачейн рақамӣ ва ҳамчун китоби алоҳида нашр гардид.
Азамат Дўстов