«Маърифати гумшуда» -аз чӣ мегӯяд?4-05-2018, 07:47
Хабарро хонданд: 493 нафар
Назарҳо: 3
«Ин китоб на барои он навишта шудааст,ки банда ҷавоби саволҳои дар он матраҳгардидаро медонистам ё дар бораи мавзӯъҳову бахшҳои дар он арзёби гардида маълумоти мушаххас дорам, балки барои он эҷод шудаст, ки худам мехостам чунин китобро мутолеа кунам. Ин китобест мехостам каси дигар онро нависад, то ки аз хонданаш ҳаловат барам, на ман муаллифаш бошам. Аммо ин вазифаро каси дигаре бар уҳдаи худ нагирифта буд. Бинобар ин, ман ин вазифаро бар дӯш гирифтам, ба умеде, ки ин асар дар оянда ба олимони минтақа ва олимони дигари хориҷӣ илҳом бахшад»,- менависад Фредерик Старр муаллифи китоби «Маърифати гумшуда (асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темуриланг)». Китоб аз 15 боб иборат буда, ҳар як боб ба як давраи таърихӣ ва муҳимтарин ҳодисаҳову шахсиятҳои бузурги он маълумот медиҳад. Он аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ аз тарафи забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаров тарҷума шудаст. Доктор Фредерик Старр сиёсатмадор ва донишманди шинохтаи амрикоӣ мушкилоту заҳматҳои зиёде, ки дар паи навиштани ин китоб кашидааст, дар пешгуфтораш ҷо додааст. Муаллиф мегӯяд, ки масоили дар ин асар мавриди баҳс қарор додашуда, маҳсули заҳматҳои ду даҳсола дар тӯли чандин сафарҳо ба ҳар як гӯшаву канори ин минтақа – сафарҳое, ки ба биёбони Қайроқуми Туркманистон ва муддати як ҳафта дар Помир дар сардии 40 дараҷа анҷом додааст, мебошад. Ҳамин тавр, қаҳрамонони асосии асари Старр мутаффакироне мебошанд, ки бештари онҳо соҳиби донишҳои энсклопедӣ буданд ва дар чандин соҳаи илм фаъолият доштанд. Старр қайд мекунад, ки мавҷудияти олимони энсклопедист аз он далолат мекунад, ки ин давраи таърихӣ «Замони эҳё» мебошад. Ӯ аҳволу осори Форобӣ, Берунӣ, ибни Сино ва дигар олимони намоёни Осиёи Марказиро ба фаъолияти инсонпарварии олими фаронсавии асри 18 муаллифи Энсклопедия (Encyclopedia)-Дидро муқоиса мекунад ва менависад, ки саҳми олимони минтақаи мазкур ба маънавиёти умумиҷаҳонӣ аз ҳиссаи олимони қарни Маърифати Аврупо камтар нест. Иллат дар он аст, ки то ба даврони мо фақат порае аз навиштаҳои маълуми онҳо расидаанду халос. Аз 400 китобу рисолаи ибни Сино фақат 249 адад дар ин ё он шакл боқӣ мондааст, ки аз инҳо қисмате таҳия ва чоп шудаанд. Аз 169 асари навиштаи А. Берунӣ фақат 22 адад вуҷуд дорадва танҳо 13 асари ӯ рӯи чоп аст, ки 7 фоизи тамоми эҷодиёташро ташкил медиҳанд. Осори Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Умари Хайём, ибни Саҳл ва дигар олимону бузургони ин манотиқ низ ҳамингуна қисмату тақдир доранд. Муаллиф тадқиқоташро фақат ба олимони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ маҳдуд накарда, оид ба теъдоди зиёди намояндагони ҷомеашиносӣ, рассомону оҳангсозон, сарояндагону архитекторон ва ғайра низ маълумоти хеле ҷолибе пешкаш мекунад. Ба андешаи Старр шахсияти калидие, ки афкор ва осораш бо ҷанбаи мусбат ва манфии худ бевосита ба пастравии Асри Маърифат робита дорад, Ғазолӣ мебошад. Ӯ дар «Номуназзамии файласуфон» тамоми дастовардҳои Форобӣ, Берунӣ ва ибни Синоро дар самти идроки озод эпистомология ва илоҳиёт зери суол мегузорад. Пешниҳоди Ғазолӣ дар бораи паст фуровардани мақоми ақли ратсионалӣ ба муқобилияти ҷиддие рӯ ба рӯ наомад. Саркӯб кардани ҳамингуна эътироз ва дигарандешӣ мақсади асосии ӯ буд. Муаллиф дар боби охирони китобаш зермавзӯе таҳти унвони «Ғазолӣ- нобиғаи сиёҳ»-ро низ овардааст ва ӯро боиси қафомонии илмҳои даққиқ, кайҳоншиносӣ ва табиатшиносӣдар ин минтақа медонад. Хуллас «Маърифати гумшуда (Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг)» аз он нақл мекунад, ки чӣ гуна дар байни солҳои 800 ва 1200 Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорат ва рушди иқтисодиёт, ҳаҷм ва дараҷаи камолоти шаҳрҳо, зарофати дастовардҳои санъаташ ва пеш аз ҳама дар пешрафти тафаккуру дониш дар бисёр соҳаҳо ҷаҳонро роҳнамоӣ мекард. Осиёимарказиҳо дар байни фанҳои дигар дар соҳаи нуҷум, риёзиёт, геология, тиб, химия, мусиқӣ, улуми иҷтимоӣ, фалсафа ва илоҳиёт дастовардҳои назаррас доштанд. Онҳо ба алгебра номашро дода, диаметри курраи заминро бо дақиқии мислаш диданашуда муайян карда буданд. Китобҳоеро навиштанд, ки баъдан тибби Аврупоро муайян сохт ва асарҳои бузургтарини назмии ҷаҳонро офаридаанд. Яке аз олимон, ки дар Афғонистон фаъолият дошт, ҳатто мавҷудияти Амрикои шимоливу ҷанубиро 500 сол пеш аз Колумб пешгӯӣ намуд. Тааҷҷубовар нест, ки навиштаҳои онҳо ба фарҳанги аврупоӣ аз давраи Томас Акинос то инқилоби илмӣ таъсир расонида буданд ва ба ҳамин монанд таъсири хеле бузург дар Ҳинд ва Осиё низ доштанд. Ин китоб даврони фаромӯшшудаи дастовардҳоро бозгӯи карда, кӯшиши тафсир додани зуҳуроти онро менамояд ва назарияҳои рақобаткунандаро дар бораи инқирози ниҳоии он таҳқиқ мекунад. Китоби мазкур дар заминаи дастовардҳои илмии нав ва ба услуби зиндаву дастрас навишта шуда, асаре мебошад, ки умуман хонандагон мутахассисонро ба ҳайрат меоварад. Бояд гуфт, ки муаллиф дар таълифи он заҳмати зиёде паси сар намудааства барои мукаммал сохтани ин асар на камтар аз 1400 маъхазу сарчашмаҳоро мавриди мутолеа ва истифода қарор додаст. «Маърифати гумшуда (Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темуриланг)» китобест моро бо фарҳанги бузург ва донишу идроки волои гузаштагонамон, ки дар пешрафти илми ҷаҳон саҳми созгоре доранд, ошно месозад. Мутаассифона, имрӯз на ҳар кас дар бораи ин нобиғаҳо маълумоти кофӣ дорад, пас китоби мазкур метавонад як раҳнамо ва робитасози беминнате байни хонандаи закӣ ва бузургони илму фарҳанги Осиёи Марказӣ, ба хусус уламои тоҷиктабор бошад. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.