Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бобоҷон Ғафуров: Андеша: Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкори кишвар

Бобоҷон Ғафуров: Андеша: Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкори кишвар

19-05-2022, 08:01
Хабарро хонданд: 1068 нафар
Назарҳо: 0
Бобоҷон Ғафуров: Андеша: Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкори кишвар
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як сокини Ватан неъмати бебаҳо ба ҳисоб рафта, он ифодагари рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад. Дар ҳама марҳалаҳои муҳими таърихӣ ҷавонон чун нерӯи пешбаранда, созандава дорои афкори бунёдсоз мавқеи хосаро сазовор буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзалияти сиёсати давлатии ҷавонон таъкид намудааст: “Мо бояд сиёсати давлати ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем”.

Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон собит месозад, ки дар радифи тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад ва танҳо ин неруи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд.

Воқеан, ҷавонони ҳамсоли истиқлол имрӯз мактабҳои олиро хатм кардаву дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият пардохтаанд. Онҳо, ки диду нигоҳи муосир доранд, дар зудтар ташаккул ёфтани давлат саҳм хоҳанд гузошт.

Қисмати асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.

Дар кишварҳои пешрафтаи дунё ҷавонон нерӯи пуриқтидор, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф шудаанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ, ҷавонон мақоми махсус дошта, фаъолияти пешбарандаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳо дида мешавад.

Дирӯз, имрӯз ва ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, дониши замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гардми ватандӯстиву худшиносии мардум ва насли ҷавон иртиботи қавӣ дорад.

Ҷавонони давраи Истиқлол шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро намуда, нерӯи тозаро ба омӯзиши илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ равона намуда, барои ободии Ватан кӯшиш намоянд ва эҳтироми падару модар, устодону омӯзгорон, умуман бузургонро ба ҷо оваранд. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд:”Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст”.

Негматҷонова С – масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: