Ҷавонон ва равандҳои ҷаҳонишавӣ20-05-2021, 15:30
Хабарро хонданд: 751 нафар
Назарҳо: 0
23 – май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Ҷавонон бояд хуб дарк кунанд, ки истиқлоли воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи бузургу пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Аз муносибат ба онҳо ояндаи кишварҳо муайян карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраҳои аввали роҳбариаш ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон чунин муайян намуда буд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки агар ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Равшан аст, ки иштироки омма, аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои муҳими давлати демократист. Бо дарки ин нуқта, Сарвари кишвар такя ба ин неруи созанда намуд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 вохӯрии роҳбарияти кишвар бо ҷавонон доир гашт. Санаи 4 сентябри худи ҳамон сол роҳбари давлат дар ифтитоҳи чорабиниҳои ташкилнамудаи Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар назди кӯли «Комсомол» ба муносибати дуввумин солгарди Рӯзи Истиқлолият ширкат ва суханронӣ намуда, ба ҷавонон рӯ оварда, гуфта буданд: «Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва ман аминам, ки ҷавонон қувваи азими пешбарандаи ҷамъиятанд». Зимни ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти бузурги соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ ёдовар шуда, чунин зикр намуда буд: «Ибораи истиқлолу озодӣ ба шумо ҷавонон бояд болу пар бахшида, минбаъд ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон бояд аз як гиребон сар бароварда, даст ба даст дода, ҳалол меҳнат кунанд, дониш омӯзанд ва бинои ояндаи дурахшонро бунёд созанд, зеро ки оянда аз они шумо-ҷавонон мебошад». Ҳамин тавр, агар саҳифаҳои китоби истиқлолро варақгардон намоем, аён мегардад, ки барои ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, дар баробари ин, худи ҷавонон саҳифаҳои дурахшону пурифтихори таърихи даврони муосирро ба миён овардаанд. Неруи ҷавонон дар маҷмӯъ, руди саршореро мемонад. Агар аз он мо пурсамар ва мақсаднок истифода намоем, ҳаётамон сарсабзу шукуфон хоҳад гардид. Агар не, ин рӯд ба селобе мубаддал мешавад, ки аз он ҷуз харобиву вайронӣ чизе боқӣ нахоҳад монд. Инро дар марҳалаи кунунӣ дар мисоли рӯйдоду воқеаҳо ва инқилобу ошӯбҳое, ки дар мамолики мухталифи олам рӯй медиҳанд ва ҷавонон дар ҷараёни онҳо ҳамеша мавриди суистифода қарор мегиранд, баръало мушоҳида намудан мумкин аст. Боиси хушнудист, ки дар кишвари мо масъалаи ҷавонон дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амниятии миллии кишвар мақоми хоссаеро пайдо намудааст. Ин шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсус қарор додани соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти роҳбарии мамлакат мебошад. Тавре Сарвари давлат таъқид менамоянд: «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад». Оянда аз ҷавонон аст ва чи гуна ҷамъият обод карданашон аз он вобастагӣ дорад, ки муносибату ғамхорӣ ба онҳо дар кадом поя қарор дорад. Насли ҷавон моҳияту хусусияти фардои ҷомеаро муайян месозад. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳимро, ки тақдирсози ояндаи ҷомеа арзёбӣ мешаванд, ба ҳисоб гирифта, Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз соли 1985-ро Соли ҷавонон эълон намуд. Ва соли 1995 ин созмони бонуфуз ба муносибати 10-солагии Соли ҷавонон ҳамаи давлатҳо, аъзои ин созмонро даъват намуд, ки сиёсат ва мавқеи худашонро дар муносибат ба ҷавонон аз нав дида бароянд. Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид қайд карда шудааст, ки дар сайёра бо андозаи афзудани миқдори ҷавонони вай ба омили пуриқтидор дар ташаккули ҷомеа табдил меёбад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ пурра дарк намуд, ки масъалаи ҷавонон аз масъалаҳои ҷамъият, демократикунонӣ, инкишофи он, низоми нави байналмилалии сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷудонашаванда аст. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ин Созмони бонуфуз аз рӯзҳои аввал муносибати худро нисбати ҷавонон муайян кард. Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрӯз дар кишвари мо кор бо ҷавонон-баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Бомаврид аст, аз дастовардҳои ҷавонони кишвар дар даврони истиқлолият ёдовар шавем. Воқеан ҳам, шароити солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки насли наврасро ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардонида буд, дарёфти роҳҳои судманду муассирро тақозо менамуд. Бинобар ин, аз байн бурдани дилсардиву ноумедӣ дар байни ин табақаи бонуфуз вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Маҳз бо дарназардошти муҳимияти ин масъала соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гашт, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар санади муҳим маҳсуб меёбад. Дар таҳрири нав қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», қабул гардидани Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон ва Стратегияи миллии сиёсати ҷавонон ва бо қарорҳои Ҳукумати кишвар қабул гардидани беш аз даҳ барномаи давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, заминаҳои мусоидеро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардаанд. Таъсиси Шӯрои миллии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии кор бо ҷавонон яке аз самараҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. 15 ноябри соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки рушди давлатдории миллиро дар марҳалаи муосир мушаххас намуда, яке аз самтҳои муҳимтарини онро сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон» номид. Соли 2017 бо пешниҳоди Президенти мамлакат, ҳомию раҳанамои ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардид. Дар тӯли 30 - соли истиқлол кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар рохи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва эътибори сиёсии давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Дар шароитии кунунии кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, созандагию бунёдкорӣ ва вусъати тоза бахшидан ба раванди сиёсати давлатии онҳо яке аз омилҳои асосии таҳкими истиқлолияти комил ва самти муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба шумор рафта, ҷавонон бидуни доштани ин арзишҳо наметавонанд фарзандони арзандаи миллат ва ворисони сазовори меҳану номбардори ниёгони хеш бошанд. Ба ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ифтихормандона дӯст доштани Ватан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем». Кишвари азизу муқаддаси мо дар арафаи ҷашнвораи бузург 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Таҷлили ин иди фархунда барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва худхоҳии ҷавонон аҳамияти фавқулода дорад. Ба истиқболи ин саҳнаи муборак бояд ҳар як дастовези худро дошта бошем ва дар зери Парчами Ватан бо ҳам омада, баҳри он бикӯшем, ки дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои бештари иқтисодию, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ рӯи кор оянд. Барои ин донишу заҳмат ва масъулияти ҷавонон амри зарурист. Тавре бузургони тамаддунофарамон фармудаанд: Дари комронӣ ба ганҷ андар аст, Калиди дари ганҷ ба ранҷ андар аст. Аҳмадзода Оятулло, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.