Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Марди накӯном

Марди накӯном

6-05-2022, 07:05
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Марди накӯном

Гузашти вақт наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи советиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, барорад.Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, мекӯшем амиқтар дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвар сина сипар намудаанд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашидаанд, андеша ронем, хубтар дарк кунем, тарғиб намоем. Дар вуҷуди насли наврас ва ҷавон ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллиро бедор намоем.

Яке аз чунин шахсиятҳо қаҳрамони ҶБВ, марди накӯном,инсони матинирода шодравон амаки азизу меҳрубонам Азимов Исматулло мебошанд, ки зиндагиномаи он кас барои мо- пайвандон ҳамеша мояи ифтихору сарбаландӣ ва намунаи ибрат аст

Азимов Исматулло 21-уми январи соли1925 дар оилаи хиёзматчии ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадаанд. Т аҳсилоти ибтидоиро дар мактаби ҳаштсолаи деҳа гирифтаанд.

13-уми марти соли 1943, вақте ки нав ба синни 18 расида буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, барои ҳимояи Ватан ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтаанд. Азимов Исматулло дар ҳайати фронти 4-уми Украина, дивизияи 2, полки 202-юми гвардияи артиллери сабуки дорои ордени “Александр Невский”, фронти сеюми Беларусия, фронти якуми Украина ва дар озод кардани Кавкази шимолӣ, Украина, Белоруссия, Литва,Полша иштирок намудаанд.Рӯзи Ғалабаро дар бемористони ҳарбии давлати Германия пешвоз мегиранд.

Моҳи июни соли 1945 пас аз табобати тӯлонӣ ба зодгоҳашон бармегарданд.

Пас аз баргаштан аз ҷанг курси шашмоҳаи муҳосибиро дар шаҳри Душанбе хонда, аз соли 1946 то ба синни ба нафақа баромадан 39 сол чун муҳосиб , пас сармуҳосиб аввал дар колхози “Роҳи нав”, пас аз он дар шуъбаи маорифи ноҳия, сипас дар хоҷагии ҷангал ва кумиҷроияи деҳа фаъолияти пурсамар доштанд. Барои корнамоиҳо дар ҷанг ва хизмати шоиста бо ордени “Ҷанги Ватанӣ”ва зиёда аз 25 медал ва аз ҷумла “Ветерани полки 202”қадрдонӣ карда шудаанд. Азимов Исматулло соҳиби 8 нафар фарзанд, 30 набера ва 60 абера буда, моҳи январи соли ҷорӣ дар синни 96-солагӣ риштаи умри ин марди накӯном канда шуд. Вале риштаҳои меҳру муҳаббате, ки нисбати Ватан ва аҳли пайвандон доштанд, ҳеҷ гоҳ канда нахоҳад шуд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: