Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСЛИҲАТИ МУФИД

МАСЛИҲАТИ МУФИД

26-03-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
МАСЛИҲАТИ МУФИД

Фарзандони мо, вақте ки ба мактаб қадам мегузоранд, аллакай то андозае соҳиби нутқи буррои гуфтугӯӣ мешаванд. Онҳо захираи муайяни луғавӣ дошта, ба андозае равону фаҳмо нутқ ронда метавонанд. Вале на ҳамаи инкишофи ҷисмонии бачагон якранг аст. Дар баъзеи онҳо норосоиҳои нутқ мушоҳида карда мешавад, ки бояд волидайн нисбати онҳо бетараф набошанд ва дар ҳоли зарурат ба мутахассисон муроҷиат кунанд.
Дислалия – норасоии нутқро ифода мекунад. Дислалия ҳангоми дар нутқ нодуруст талаффуз кардани овоз ё дар вақти иваз кардан ё омехта талаффуз кардани овоз ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Дислалияи механикӣ (органикӣ) ин вайроншавии аппарати нутқ, норасоии ҳаракати мушакҳо, номуташаккилии пардаи забон аст. Дар ин ҳолат ҳаракати забон душворӣ мекашад. Ғайр аз ин, забони ғафс ё танг ба душворӣ талаффуз меорад.
Нуқсони сохти устухони манаҳ ба ғайриоддӣ сохти манаҳро меорад.
Дарозманаҳӣ – манаҳӣ боло сахт ба пеш фушурда, дар натиҷа дандонҳои пешинаи поён ба дандонҳои боло ҷафс шуда наметавонад.
Хам шудани манаҳ – манаҳи поён ба пеш фушурда, дандонҳои пешинаи поён ба пеш мебарояд.
Хобиши дандони кушодашуда – байни дандонҳои боло ва поён кушодашуда, онҳо ҷафс намешавад.
Паҳлуи кушодашудаи хобиши дандонҳо ба тарафи чап ва рост.
Нодурусти сохти дандон, қатори дандонҳо ба дислалия меорад.
Ком – нодурусти сохти ком ба талаффуз таъсир мекунад. Коми баланд ё паст, беҳад танг ҳамвор ба талаффуз халал мерасонад. Лабҳои ғафс, кӯтоҳшуда ва беҳаракат дар вақти талаффуз ба овозҳои лабу-лаби ва лабу дандонӣ душворӣ меорад.
Дислалияи функсионалӣ – ин норасоии нутқ, дар вақти бенуқсон будани аппарати нутқ аст.
Омилҳои дислалияи функсионалӣ:
1. Тарбияи нодурусти кӯдак дар оила;
2. Оилаи дузабона; (бо ду забон ҳарф мезананд).
3. Беаҳамияти омӯзгорон;
4. Норасоии фонематикӣ гӯш;
5. Нокифояи ҳаракати аъзоҳои аппарати артикулятсионӣ;
6. Сустшунавоӣ.
Барои мукаммал шудани нутқи кӯдак, бояд ин оилаҳо то синни мактабӣ ислоҳ карда шаванд.
Тартиби ислоҳи кор.
Давраи 1 – тайёрӣ. Вазифаҳои асосӣ:
а) инкишоф додани диққати шунавоӣ, хотираи шунавоӣ ва дарки фонематикӣ.
б) бартараф кардани норасоии моторикаи инкишофи нутқ, гузаронидани машқҳои артикулятсионӣ барои инкишофи ҳаракати аппарати артикулятсионӣ.
Давраи 2 ташаккули маҳорат ва малакаи талаффуз.
Вазифаҳои онҳо:
а) ислоҳи норасоии талаффуз;
б) инкишоф додани маҳорати фарқ кардани овозҳо, овозҳои монандӣ;
в) ташаккули маҳорат ва малакаи талаффузи гуногуни нутқи мустақилонаи кӯдак.

Аброр Аюбов, нуқсоншинос
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: