Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Москва нишасти сарони кишварҳои узви СААД баргузор мешавад Май 2, 2022 14:32

Дар Москва нишасти сарони кишварҳои узви СААД баргузор мешавад Май 2, 2022 14:32

3-05-2022, 07:35
Хабарро хонданд: 74 нафар
Назарҳо: 0
Дар Москва нишасти сарони кишварҳои узви СААД баргузор мешавад Май 2, 2022 14:32

Дар Москва баргузории нишасти солгарди СААД дар назар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истипнод ба ТАСС менависад, дар ин бора котиби матбуотии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст моҳи май баргузор мешавад — омодагӣ ба он дар пойтахти Русия аллакай оғоз шудааст.

«Дар бораи санаи аниқ ба шумо дар вақташ хабар медиҳем», — посух дод намояндаи Кремл ба суоли дахлдор.

«Ҳарчанд ин як нишасти ҷашнӣ хоҳад буд (имсол 30-солагии имзои Созишномаи Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси худи СААД таҷлил карда мешавад. – Тавз. АМИТ «Ховар»), албатта, баҳсу табодули афкор низ сурат хоҳад гирифт. Бо итминони зиёд метавон гуфт, ки мушкили Украина низ зоҳир хоҳад шуд», — гуфт Песков.

Ба гуфтаи вай, ҳоло гуфтан барвақт аст, ки сарони ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда меоянд ё на.

Ҳамчунин маълум аст, ки кишварҳои СААД имсол чанд тамрини муштарак баргузор мекунанд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон як тамрини муштарак бо воҳидҳои Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ «Сарҳад – 2022» дар назар аст.

Дар Қирғизистон тамрини фармондеҳию ситодӣ бо неруҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвони «Бародарии абадӣ — 2022» баргузор мешавад.

Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки бо неруҳои дастҷамъии вокуниши сареъи СААД «Амалиёт — 2022», машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои иктишофии «Поиск — 2022», машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникӣ СААД «Эшелон — 2022»-ро доир кунад.

Ховар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: