Вазъият дар тамоми манотиқи Қазоқистон мӯътадил буда, рисолати асосии СААД ба анҷом расидааст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳори назар намуд, хабар медиҳад ТАСС.
Ба гуфтаи президент, вазъ дар тамоми манотиқи Қазоқистон муътадил буда, рисолати асосии СААД анҷом ёфтааст. Хуруҷи неруҳои СААД аз Қазоқистон пас аз ду рӯз оғоз мешавад,-гуфт сарвари давлат.
Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳамчунин зикр кард, ки нақшаи ҳамла ба Қазоқистон маҷмӯӣ буда, болои он мутахассисони корозмуда кор кардаанд. Муттаҳидии ҷомеаи Қазоқистонро суст гардониданд, Кумитаи амнияти миллӣ хатарро пай набурд.
АМИТ" Ховар"