
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар кори иҷлосияи муштарак намояндагони баландпояи кишварҳои узви СААД иштирок доштанд: аз Ҷумҳурии Тоҷикистон — Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва Котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода, аз Ҷумҳурии Арманистон — Котиби Шӯрои амният Армен Григорян, аз Ҷумҳурии Беларус — Вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей, Вазири мудофиа Виктор Хренин ва Котиби давлатии Шӯрои амният Александр Волфович, аз Ҷумҳурии Қазоқистон — муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷӣ Мухтар Тлеубердӣ, вазири мудофиа Мурат Бектанов ва ёвари президент — котиби Шӯрои амният Асет Исекешев, аз Қирғизистон — вазири корҳои хориҷӣ Руслан Казакбоев, вазири мудофиа Таалайбек Омуралиев ва котиби Шӯрои амният Марат Иманқулов, Федератсияи Русия — Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, Вазири мудофиа Сергей Шойгу ва Котиби Шӯрои амният Николай Патрушев. аз номи мақомоти доимии корӣ — Дабири кулли СААД Станислав Зас ва Сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи муштарак, кишварҳои узв оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқози амнияти дастҷамъии СААД ва фаъолияти Созмон дар давраи байнииҷлосиявӣ мубодилаи афкор намуданд. Маълумоти Котиби генералӣ Станислав Зас дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Созмони Ҷумҳурии Арманистон шунида шуд.