Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

24-08-2021, 14:34
Хабарро хонданд: 84 нафар
Назарҳо: 0
Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

ДУШАНБЕ, 24.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар сарҳад бо Афғонистон зери назорати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор дорад, бинобар ин зарурияти ба он ҷо фиристондани неруҳои иловагӣ мавҷуд нест. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз дар мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Станислав Зас таъкид намуд.

«Ҳоли ҳозир сарҳадбонони тоҷик, қувваҳои мусаллаҳ ба таври кофӣ дилпурона вазъи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро назорат мекунанд. Бинобар ин зарурияти ҷалби неруҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи сарҳад вуҷуд надорад», — гуфт Зас. – Албатта, кумак ба сарҳадбонони тоҷик оид ба таҷҳизонидани техникӣ зарур аст. Тадбирҳо дар ин самт, аз ҷумла дар шакли ҳамкориҳои дуҷониба, андешида хоҳанд шуд.

Ӯ илова намуд, ки агар чунин зарурият пеш ояд, СААД масъалаи ба минтақа фиристондани неруҳои иловагиро баррасӣ хоҳад намуд. «Мо ҳамаи имкониятҳоро дорем, ки амнияти дилхоҳ давлатеро, ки шомили СААД мебошад, таъмин созем», — хулоса кард Дабири кулли СААД Станистав Зас.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: