Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ БО ПОЛША БОЗӣ МЕКУНАД

ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ БО ПОЛША БОЗӣ МЕКУНАД

24-05-2019, 14:18
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
ТИМИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ БО ПОЛША БОЗӣ МЕКУНАД
Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 31-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин, ки 4-14 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар мусобиқа иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст. Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Полша, Қирғизистон ва Россия-2 бозӣ мекунад. Зери парчами дастаи дуюми Россия тими Санкт-Петербург – ғолиби соли гузаштаи мусобиқа - баромад мекунад.
Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Булғория, Молдова, Россия, Ҳиндустон ва гурӯҳи “В” аз дастаҳои Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон таркиб ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тими наврасони мо аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи Россия-2 ва 10 июн бо наврасони Полша вомехуранд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд.

И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: