Чаро баъзе ҷавонон аз хидмати Ватан саркашӣ мекунанд?22-04-2022, 07:26
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Ман ин шумораи нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент- “Фарвардин”-ро ҳифз мекунам. Дар ин шумора, ки ба ифтихори Рӯзи Ғалаба соли гузашта ба нашр расида буд, акси шонздаҳ нафар иштирокчиёни ҷанг, аз ҷумла бобои зиндаёди ман Эшмуродов Бердимурод бо шарҳи мухтасари мо – фарзандону наберагони онҳо, ҷой дода шудааст. Ин саҳифа “Қаҳрамонон намемиранд” ном дорад ва ба назари ман арзиши он барои мо- бастагони қаҳрамонони ҷанг алайҳи фашистон, қиммати аз як шумораи нашрия хеле болоро доро аст. Бале, хотираро нарх гузоштану қимматашро муайян намудан ғайриимкон аст. Ҳоло ин шумораи нашрияро бори чандум аст, ба даст мегирам, ба симои бобоям ва дигар ҷанговарони ҳамдиёрам менигарам. Чеҳраашон гарм. Дар паси ин аксҳои сиёҳу сафед ман қаҳрамониву ҷоннисории ҳазорҳо ҳамватанонамонро, ки дар набардҳои ҷанги ҷаҳонӣ ҷоннисорӣ кардаву ҳазорон нафарашон ҷон бохтаанд ва қабрашон дар саросари Аврупо воқеъ аст, мебинам. Мегӯянд, дар он солҳои пурошӯб садҳо тан ҳамдиёрони ман ихтиёрӣ худро ба дами оташи ҷанг андохтаанд ва номи онҳое, ки аз даъват ба ҷабҳа гурехта, дар кӯҳу дараҳо пинҳон гашта буданд, имрӯз баъди 77 соли итмоми ҷанг, то ҳанӯз чун гуреза дар хотираҳо боқист. Ин андешаҳоро ман дар сӯҳбат бо мардум, хоса насли ҷавон, борҳо баён доштаам ва ҳоло, ки маъракаи баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ идома дорад дар мулоқотҳо такрор менамоям. Ва меафзоям, ки бобою бобокалони шумо бе истиҳола ба майдони набард мерафтанд, ҷон ба каф гирифта, алайҳи душман меҷангиданд, тарси марг надоштанд. Баъзе ҷавонон бошанд имрӯз бо сад баҳона мехоҳанд худро аз хидмати ҳарбӣ дур гиранд. Вақте як ҷавонмард худро дар паноҳи волидону наздикон бо чи роҳу ҳилае аз хидмат дар сафи артиш мегурезад, забон намегардад, ки ӯро ҷавонмард ном барӣ. Оини ҷавонмардӣ пеш аз ҳама дар ҳимояи хона, шаҳру деҳа, дар маҷмӯъ марзу буми Ватан ифода меёбад. Ҳоло ки ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳ дар ҷомеи мо барқарор аст, ҷавонаскарони мо на чун собиқа дар паҳнои беканори Шӯравӣ, балки дар Ватани худамон, бо ҳамдиёрони худ хидмат мекунанд, чаро бояд аз хидмат саркашӣ намоянд? Худое накарда, дар ин замони пурфитнаю муташанниҷ душмане сӯи мо теғ кашад, ин ба ном “ҷавонмардон”-и “хонашеру майдонғариб”, модару хоҳар, хонаи онҳоро кӣ бояд ҳифз кунад! Албатта, намунаҳои волои риояи рисолати ҷавонмардӣ дар Ватани мо зиёд аст. Солҳост, ки ҷавонони бадахшонӣ дар як рӯз сарҷамъона ба сафи артиш мепайванданд ва вилоят дар мамлакат нахустин шуда нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро менамояд. Соли гузашта ҳазорон нафар ҷавонмардон дар саросари кишвар омодагиашонро ба ҳифзи сарҳад дар Воруху Чоркӯҳ изҳор доштанд. Бовар дорам, ки дар шарёни ҷавонони мо хуни Деваштичу Шерак, Темурмалику Муқаннаъ ҳанӯз ҷорист ва онҳо марзу буми муқаддаси Ватанро бо баҳои ҷон ҳифз мекунанд. Бобоёни мо ҳафтоду ҳафт сол муқаддам инро собит кардаанд ва ман ифтихор менамоям, ки дар ин байн бобои ҷанговари ман Эшмуродов Бердимурод низ будаанд. Мастона Муродзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.