Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар Форуми сеюми ҳизбҳои сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳизби Коммунистии Чин дар мавзуи “Пайгирона ҳаракат намудан ба сӯйи рушд бо хусусиятҳои худ: вазифа ва масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ” иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Форуми мазкур14 апрел бо ибтикори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Ҳизби коммунистии Чин ба таври онлайн ва бо иштироки васеи ҳизбҳои сиёсии минтақа ба ифтихори 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баромади худ таъкид дошт, ки ҳизби мо таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори иқтисодӣ, истиқлоли комили энергетикӣ ва озуқаворӣ, таҳкими демократия, пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсати берунии пурсамарро бо дарназардошти афзалияти манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар доираи шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» роҳандозӣ ва татбиқ мекунад.
Ӯ бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои дӯстонаву ҳасана таъкид кард: - Ҳизби Коммунистии Чин дар давоми солҳои тӯлонӣ ва муборизаи далерона ҷиҳати таъмини некуаҳволии халқ талош намуда, муваффақ шудааст.
Ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон дар мубориза бо ситезаҳои муосир алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар падидаҳои манфӣ талош хоҳад кард. Изҳори умедворӣ шуд, ки раҳбарони ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон барои муқобила бо мушкили глобалӣ якҷоя роҳи ҳалро пайдо мекунанд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо қаноатмандӣ ишора намуд, ки кишварҳои мо ҳамкориҳои гуногунҷанбаро минбаъд низ тавсеа ва амиқтар гардонида, ҳамчун намунаи ҳамсоягии неку дӯстӣ боқӣ мемонанд ва кафили суботу амнияти минтақавӣ хоҳанд буд.
Дар рафти суханронӣ зикр гардид, ки давоми 10 соли охир миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунисти Чин лоиҳаҳои зиёди муштарак амалӣ гардида, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои ҳизбӣ сурат гирифтанд ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор анҷом ёфт. Дар ин муддат ба сатҳи хамкории ҳизбӣ баҳои мусбат дода шуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.
Дар рафти форум тағйирёбии иқлим, буҳрони молиявию иқтисодӣ, ноустувории нархи нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, афзоиши бекорӣ ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти башарият дар оғози қарнҳои XX ва XXI дониста шуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки вазъияти кунунии Осиёи Марказӣ ва хусусияти муносибатҳои давлатҳои минтақа байни худ ва дигар кишварҳои олам марҳилаи дигаргунсозии фаъолро аз сар мегузаронад. Гуфта шуд, Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад, ки ин бо ҳамгироии зичтар дар равандҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳон алоқаманд аст.
- Мо итминон дорем, ки бо талошҳои муштарак дар фурсати кутоҳмуддат ба суботи сиёсиву иқтисодӣ дар минтақа ноил мешавем, - гуфт А.Азизӣ. – Дар ин замина, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои наздиктари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро тақвият бахшидан хеле муҳим дониста мешавад. Мавқеи ҷуғрофӣ, робитаҳои чандинасраи фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои мо метавонанд барои рушди муносибатҳо дар ин шакл шароити хуб фароҳам оранд.
Баромади муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар Форуми сеюми ҳизбҳои сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳизби Коммунистии Чин аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳ ва самимона пазируфта шуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ва роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ дар Форум иштирок намуданд.
Робитаҳои байналхалқии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон дар ҳоли тавсеа буда, ва бо дарназардошти ҳассосияти шароити муосир бомаром густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории ҲХДТ бо ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», Ҳизби коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан» дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад.
Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин дар асоси созишнома бештар аз 10 сол пеш оғоз шуда, рушди наву динамикиро касб намудаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар аст ва зиёда аз 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
«МХ»