
1 апрел дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин баргузор гардид. Дар вохўрӣ муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафир Тзи Шуминро хуш пазируфта, номбурдаро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардиданаш табрик гуфт ва дар татбиқи рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон барор орзу намуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.
- Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпинро ба муносибати 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин табрик намуданд, - гуфт Тзи Шумин. – 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии кишварҳо ибратомўз аст. Мо эҳсос мекунем, ки Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегӣ ба таври мунтазам аз мавзеъгириҳои Чин дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ менамояд. Мо низ дар навбати худ Тоҷикистонро ба ҳайси шарики баробар ва комилҳуқуқ мешиносем.
Дар ҷараёни вохўрӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои муносиб дода шуд.
Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баҳои мусбат дода, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзуъҳои мубрами рўзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баррасӣ гардида, наздикии мавзеи ҷонибҳо оид ба аксари масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид гардид.
Мавриди зикр аст, ки имрўз муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намуда, саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хос ва қобили таъкид аст.
Ҳамчунин, дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шуданд.
«МХ»