Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти судманд

Мулоқоти судманд

26-10-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти судманд

20 октябр дар Дастгоҳи КИМ ҲХДТ вохўрии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҷаноби Чэн Дайвэн баргузор гардид. Дар вохўрӣ муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сарпарасти сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсиро ба Дастгоҳи КИМ ҲХДТ хуш пазируфта, оид ба раванди бузурги бунёдкорию созандагӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи тақдирсоз маълумот дод. Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ барои кишварҳои мо соли махсус – ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин аст.
- Барои мо боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин шуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпинро ба муносибати 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин табрик намуданд, - гуфт Чэн Дайвэн. – Мо эҳсос мекунем, ки Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегӣ ба таври мунтазам аз мавқеъгириҳои Чин дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ менамояд.
Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои муносиб дода шуд. Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат нерўи тоза мегирад.
Нигоҳ доштани тамоси доимӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, риояи ҳуқуқи инсон, вазъият дар кишварҳои минтақа ва зарурати тақвият бахшидани ҳамкориҳо хосатан ишора гардид. Зимни вохўрӣ дар мавриди мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ва масъалаҳои байналмилалӣ низ ибрози андеша шуд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки мо дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ дастгирии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Мардумии Чинро эҳсос менамудем ва дар корҳои ҳизбӣ низ иртиботи мо ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешавад.
- Соли оянда 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои мо таҷлил мегардад ва масъулияти ҳизбҳои пешоҳанги сиёсӣ дар ин марҳила беш аз пеш меафзояд, - гуфт А. Азизӣ.
Мавсуф таъкид намуд, ки соли ҷорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чаҳорчўби таҷлили 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин дар силсилавохўриҳо иштироки фаъолона намуд. Аз ҷумла, бо ҳузури беш аз 80 нафар аъзои ҳизб дар Душанбе тариқи онлайн Саммити ҲКЧ ва ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон назорат гардида, мулоқоти онлайнӣ бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ҷаноби Сян Хуншан доир шуд.
Ба баромади муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ дар конфронси байналмилалии "20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: рушди давлатӣ ва идоракунии давлатӣ" тариқи онлайн ҷониби Чэн Дайвэн баҳои муносиб дод. Мавриди тазаккур аст, ки давоми 20 соли фаъолияташ Созмони Ҳамкории Шанхай минбари хосае барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ гардидааст.
Ба таъкиди Абдуҷаббор Азизӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз асосгузорони Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд ва истиқболи 20-солагии созмон дар Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир омода аст. Дар ҳамоиши Душанбе бастаи калони санадҳо иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи 20-умин солгарди СҲШ ба тасвиб расид. Гуфта шуд, ки нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни Созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.
- Ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо итминон метавон гуфт, ки кишварҳои мо минбаъд низ ҳамкории бисёрҷабҳаро тавсеа намуда, намунаи ҳамсоягии нек боқӣ мемонанд ва ҳамчун кафили субот ва
амнияти минтақавӣ талошҳои муштаракро барои густариш додани муносибатҳои байналмилалӣ идома медиҳанд, - зикр намуд А.Азизӣ
Дар мулоқот ба ҳамкориҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баҳои муносиб дода шуда, дурнамои ҳамкориҳои байниҳизбӣ низ табодули назар шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: