Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Баррасии фаъолияти ҳизбиён

Баррасии фаъолияти ҳизбиён

7-04-2022, 11:20
Хабарро хонданд: 77 нафар
Назарҳо: 0
Баррасии фаъолияти ҳизбиён
Сафари гурўҳи кории КИМ ҲХДТ ба минтақаи Рашт дар ҳайати муовини Раиси ҲХДТ - Латифзода Асрор, мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ Гадоев Салим ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Ахунова Муқаддас 30 март аз вохўриву мулоқотҳо дар ноҳияи Нуробод оғоз ёфт. Гурўҳ дар ҷараёни сафар бо кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлис доир намуда, дар рафти он масъалаҳои дохилиҳизбиро мавриди суҳбат карор доданд. Аз тарафи роҳбари гурўҳи корӣ – муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А. ба масъулин ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти рўзмараи ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.
Инчунин, дар рафти кор роҳбари гурўҳ аз ташкилотҳои ибтидоии “Беморхона” ва “Касбомўз” дидан намуда, ба онҳо ҷиҳати ислоҳ кардани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳат доданд.
Гурўҳи корӣ бо фаъолияти кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод ҳам шинос шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин супоришҳои муфид ва мушаххас пешниҳод карданд.
Дар ҷараёни кор ба масъулини омор курси аудитории Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” гузаронида шуд. Дар ҷараёни дарс кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод иштирок ва дар вақти муайяншуда дарсро бо таври назариявӣ, амалӣ ва таҷрибавӣ азхуд намуданд.
Ба кормандони масъули ҳизбӣ дастур дода шуд, ки донишҳои замонавиро омўхта, мафкураи сиёсии худро ташаккул диҳанд ва бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ курсҳои бозомўзӣ ташкил ва баргузор намоянд. Инчунин, тавсия гардид, ки баҳри мукаммал кардани донишу малакаҳои касбӣ раиси Кумитаи иҷроия ҳар ҳафта миёни кормандон хониши сиёсӣ ва дарсҳои назариявӣ баргузор кунад. Дар баробари ин, мавсуф атрофи масоили дохилиҳизбӣ, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, беҳтар кардани корҳои таблиғотӣ дар деҳаю маҳаллаҳо, истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, инчунин, вокуниш нишон додан ба ҳангомаҳои беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рўз тавсияҳо дода шуд.

Рашт
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: