Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок ва суханронии муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар конфронси байналмилалӣ

Иштирок ва суханронии муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар конфронси байналмилалӣ

24-02-2022, 14:56
Хабарро хонданд: 620 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок ва суханронии муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар конфронси байналмилалӣ

15 феврали соли ҷорӣ Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар ҷаласаи шасту шашуми Комиссия оид ба вазъи занон, ки дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, ба таври фосилавӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур комиссия оид ба вазъи занон, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар робита ба ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтаронро мавриди баррасӣ карор дод.
Зимни суханронии худ Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ қайд намудаанд, ки тағйирёбии иқлим сол ба сол ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа ва зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Таъсири иқлим мустақиман ба миқдор ва сифати обе, ки одамон барои зиндагиву рузгор истифода мебаранд, рӯз аз рӯз меафзояд. Дар минтақаи мо низ тағйирёбии иқлим ва олудашавии оби ошомиданӣ мавриди нигаронии хос аст. Боиси хушнудист, ки маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори як қатор барномаҳои муҳимми ҷаҳонӣ дар самти об буда, дар ин раванд баргузории конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе иқдоми шоиста ба шумор меравад.
Дар хотима қайд гардид, ки форуми мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои мавҷуда, эҷоди шарикии нав ва баррасии омилҳои муҳим, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, фароҳам овардани имконият барои намояндагони гуруҳҳои мухталифи занон барномаҳои мушаххас ба нақша гирифтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: