Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши илм дар пешгирӣ аз таасуб…

Нақши илм дар пешгирӣ аз таасуб…

18-02-2022, 09:53
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
Нақши илм дар пешгирӣ аз таасуб…

Ба касе пўшида нест, ки машъалбардор, нурбахш ва муҳаррики маънавии асосии аҳли ҷомеа зиёиён ҳастанд, ки аксарияти онҳо имрўз дар Акадамеяи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор нафар фаъолият доранд.
Ин нуқтаро мо бори дигар ҳангоми нишасти матбуотии ин ниҳод 11 феврал эҳсос кардем. Дар толори маҷлисгоҳи раёсати АМИТ, академик, президенти ин муассисаи бузурги илмӣ Фарҳод Раҳимӣ аз фаъолияти олимон дар соли 2021 ҳисоботи кўтоҳе пешниҳод карданд. Қайд гардид, ки сол то сол фаъолияти ниҳоди илмӣ васеъ ва густариш ёфта истодааст. Хушбахтона, 35 аъзои пайваста, 54 аъзои вобаста, 19 аъзои хориҷии АМИТ дар шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ-6 институт, 1 агентӣ ва 2 муассисаи давлатӣ дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб- 3 институт, шуъбаи илмҳои ҷамеашиносӣ-5 институт, инчунин, дар сохтори ин ниҳод-5 марказ ва як филиал дар шаҳри Хоруғ дохил гардида, як артиши калони олимонро дар зерсохторҳои гуногуни худ муттаҳид кардааст.
Мавсуф ишора кард, ки ин Кохи бузурги илми миллати тоҷик тавонист дар соли ҳисоботӣ таҳқиқотҳоро аз рўйи 111 мавзуъ идома дода, аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 250 китобу монография, маҷмўаҳои илмӣ, брошюра, 3150 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таҳия гардиданд, ки аз ин ҳисоб 100 мақола дар кишварҳои хориҷаи дур ба нашр расид. 18 ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст овардаанд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 26 коркард ва таклифу тавсияҳои олимон манзур шудааст.
Инчунин, дар соли ҳисоботӣ вобаста ба рушди илми тоҷик беш аз 80 чорабинии илмӣ ва 32 ҷаласа доир гардид, ки дар онҳо 135 қарор ва беш аз 560 амр ба тасвиб расидааст.
Дар нишасти матбуотӣ аз президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ, корманди нашрия суол кард, ки вобаста ба пешгирии гароиши ҷавонон ва ҳифзи мафкура, ҷаҳонбинӣ ва шуури аҳли ҷомеа аз бемориҳои ба мисли хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, бунёдгароӣ, тундгароӣ ва монанди инҳо, кадом консепсияҳо ё назарияҳои комили илмӣ тайёр ва пешниҳод гардиданд?
Президенти ин ниҳоди бузурги илмӣ дар робита ба саволи додашуда раванди ҷаҳонишавӣ ва интернетро гунаҳгори асосӣ донист.
Консепсияи бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ нашудааст, ки солҳо сари он баҳс меравад ва ҷомеа ба будани чунин як ҳуҷҷати калидӣ ниёз дорад.

М.Наимов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: