Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ноҳияи Рўдакӣ. Натиҷаҳои бобарор ва нақшаҳои нав

Ноҳияи Рўдакӣ. Натиҷаҳои бобарор ва нақшаҳои нав

11-02-2022, 10:00
Хабарро хонданд: 49 нафар
Назарҳо: 0
Ноҳияи Рўдакӣ. Натиҷаҳои бобарор ва нақшаҳои нав
Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рўдакӣ, аз ноҳияҳои калон ва сернуфуси ҷумҳурӣ, 11 феврал бо иштироки васеи кормандони мақомот ва масъулони ниҳодҳои маҳаллӣ, намояндагони ВАО дар толори хурди маҷлисгоҳи ҳукумат доир шуд. Сарфи назар аз таъини замони барвақти баргузории нишаст толор пур аз шахсони даъватшуда буд.
Раиси ноҳия Азизулло Исматзода гузориши худро бо он оғоз кард, ки дар соли 2021 дастовардҳои ноҳия пеш аз ҳама, ба тадбиқи сиёсати воқеан хирадмандона ва дастурҳои Пешвои миллат - Президенти кишвар ҷиҳати истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои созанда, баҳри таъмини беҳбудиҳо дар зиндагии ҳар шаҳрванди мамлакат вобаста буд.
Ў ёдовар шуд, ки дар соли гузашта иҷроиши нақшаи буҷети ноҳия мутаносибан 136 миллиону 138 ҳазор сомонӣ буд ва иҷроиши он 162 миллиону 287 ҳазор сомонӣ ё 119,0 фоизро ташкил дод.
Сипас дар гузориш тавзеҳи густурдаи бахшҳо ва таносуби зиёду кам гардидани дахлу сарфи буҷет сурат гирифт.
Раиси ноҳия доир ба соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, иҷрои барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва дурнамои амалисозии барномаҳо сухан карда, афзуд, ки дар маҷмўъ 230 лоиҳа бо маблағи зиёда аз 221,9 млн. сомонӣ дар бастаи ин барномаҳост.
Бино ба иттилои сарвари ноҳияи Рўдакӣ, шумораи корхонаҳои саноатӣ 109 ададро ташкил дода, ҳамагӣ дар соҳаи саноат 1634 нафар кормандон фаъолият доранд. Соли 2021 дар ноҳия 10 корхона бинобар сабабҳои фарсуда будани таҷҳизот ва рақбатнопазирии маҳсулот, ҳамчунин аз таъсири пандемияи COVID-19 аз фаъолият бозмонданд.
Тавре зикр гардид,солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтану ба кор андохтани 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шуда ва бинобар ба «Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026, қарори дахлдори раиси ноҳия ба тавсиб расида, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар панҷсолаи минбаъда бунёди 20 корхонаи саноатии нав пешбинӣ шудааст».
Дар идома А. Исматзода бо ишора ба он ки ҳамасола теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна беш аз 6 ҳазор нафар зиёд мешавад, таъкид кард, ин таҳаввулот заруратеро пеш овардааст, ки ҳар сол 5 муассисаи таълимӣ бо 640 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода диҳанд.
Ў гуфт: «Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 735 ҷойи нишаст ва 5 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо сохта ба истифода шудаанд. Ҳоло сохтмони 38 синфхонаҳои иловагӣ бо 936 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад».
Қарздиҳӣ, музди меҳнат, вазъи кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо, саноат ва энергетика, савдо ва хизматрасонӣ, ҳолати кори шабакаҳои нақлиёт ва роҳҳои ноҳия, масъалаҳои марбут ба маориф ва ба хусус сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занон ва оила, рафти иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандони сокини ноҳия аз дигар бахшҳои гузориш буд, ки мавриди таваҷҷуҳ аҳли нишастгардид ва боиси баҳс, саволу ҷавоби густурда байни мақомот ва иштирокҷиён шуд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: