Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст

2-09-2021, 08:25
Хабарро хонданд: 93 нафар
Назарҳо: 0
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 01.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Зинаи асосие, ки барои азхудкунии дониш заминаи бунёдӣ мегузорад, таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад»,- таъкид намуданд имрӯз зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш.

Пешвои миллат ҳамчунин зикр намуданд, ки «бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагони ин зинаи таҳсилот танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода супоридани 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, то имрӯз қисми зиёди онҳо дарҳои худро барои хонандагон боз кардаанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, бо вуҷуди чораҳои доир ба бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ амалигардида дар мамлакат то ҳанӯз мушкилоти зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.

Гуфта шуд, ки тайи солҳои 2017 – 2020 дар шаҳри Душанбе бо харҷи зиёда аз 450 миллион сомонӣ 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак бунёд гардидааст. Инчунин ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нишаст ва сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1900 кӯдак идома дорад.

«Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёди деҳаву шаҳракҳои нави аҳолинишин зарурати бунёди боз садҳо муассисаи нави таълимӣ ба миён омадааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста чораҷӯӣ карда истодааст»,-афзуданд Сарвари мамлакат.

Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардид, ки «бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи кадрҳо, амалӣ намудани ҳадафҳои имрӯзу ояндаи кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин кардани тамоми соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ба фаъолият оғоз намуд».

Бояд гуфт, ки дар мамлакат 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 244 652 нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ҳоло муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки қишри сершумор ва неруи созандаи ҷомеа – ҷавононро ба таълим фаро гирифтаанд, аз лиҳози шаклу мазмуни таҳсилот ва пояи моддиву техникӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ наздик шуда, мақому мавқеи худро дар ҷомеа тақвият бахшида истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: