Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПРЕСС КОНФЕРЕНСИЯҲО

ПРЕСС КОНФЕРЕНСИЯҲО

10-02-2022, 09:57
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0
ПРЕСС КОНФЕРЕНСИЯҲО

Агентии нафақа: Тоҷикон дар Русия нафақа мегиранд
Директори Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик, ки дар Федератсияи Русия расман кор мекунанд, имкон хоҳанд дошт, аз он кишвар нафақа гиранд.
Роҳбари агентии нафақа 7 феврал зимни баёни ин матлаб дар нишасте бо рӯзноманигорон афзуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқат расида ва созишнома имзо кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, бар асоси созишномаи дуҷониба ҳаҷми нафақаи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанд низ танзим мешавад. То ба ҳол бо сабаби вуҷуд надоштани қарордод муҳоҷирони ба ватанбаргашта, фақат нафақаи иҷтимоӣ мегирифтанд, ки ночиз буда, андаке беш аз 200 сомонӣ мебошад.
Русия аз кишварҳои асосии ИДМ аст, ки ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зарурати зиёд дорад.
Чуноне дар конференсия тавзеҳ шуд, аз ин ба баъд, он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсия Русия расман кор мекунанд, имкон доранд нафақаи он кишварро дарёфт кунанд.
Сардори раёсати нафақаи Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Вализода дар нишасти матбуотӣ оид ба ин мавзуъ афзуд, ки лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа бо ҷониби Федератсии Русия мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тавсиб расид.
Ба гуфтаи номбурда, шартномаи мазкур мушкили шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Русия солиёни дароз кор карда, ба кишварашон бармегаштанд, ҳал намуда, имкони таҳияи санадҳои дарёфти нафақа дар ҳар ду кишварро фароҳам овард.
Имзои санади нав созишномаи чандҷонибаи байни давлатҳои ИДМ аз соли 1999 –ро, ки бар асоси он фаъолияти шаҳрвандон дар кишварҳои аъзои иттиҳодро танзим ва ба онҳо ин ҳақро таъин мекард, ки онҳо, нафақаи ҳамон давлатеро мегиранд, ки макони зисташон аст, ислоҳ ва такмил мекунад,- афзуд Д. Вализода.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки муҳоҷирони кории тоҷик ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баъди расидан ба синни нафақа метавонанд на танҳо дар ватани худ, балки дар Федератсияи Русия нафақа гиранд. Ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ҳам собиқаи корӣ дар Русия ва ҳам собиқаи корӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Изҳори назар дар мавриди нафақаи муҳоҷирон дар ҳоле аст, ки ҳанӯз дар миёнаҳои соли 2021 вакили Думаи давлатии ФР Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дода гуфта буд, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, дар ин кишвар нафақа хоҳанд гирифт.
Муҳоҷирон аз ҳисоби маблаѓе, ки корфармо дар давоми солҳои корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд. Зеро бар асоси санадҳои тасвибшуда, муҳоҷироне, ки расман дар Русия кор мекунанд, дар самти дарёфти нафақа бо шаҳрвандони ин кишвар ҳаққи баробар доранд, - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ: МАШВАРАТИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН БО ТЕЛЕФОНИ 30-40
Миёни 14 вазорати ҷумҳурӣ Вазорати адлия мақомоти калидӣ мебошад. Ин ҳақиқати собитро мо бори дигар ҳангоми иштирок дар баргузории нишасти матбуотии ин мақоми салоҳиятнок, ки 2 феврали соли ҷорӣ бо иштироки вазир Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад баргузор шуд, дарк кардем.
Хонанда нуктасанҷ хуб медонад, ки давлатро Сарвари он бо сиёсат саришта месозад. Ва ин сиёсат, инъикоси худро дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ меёбад. Дар ҷумҳурӣ мақомоте, ки қариб ба тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ хулосаи дақиқи ҳуқуқӣ медиҳад, ин Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин маънои онро дорад, ки тамоми он муносибатҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад ва шумораи он аз ҳазорҳо зиёдаст, бо меъёрҳо дақиқ, танзим ва ҳамоҳанг мегардад. Қонунгузорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ваколат ва салоҳиятро ба мутахассисони варзидаи ин ниҳоди калидӣ вогузор кардааст. Зеро рисолати ин ниҳод ҳифзи адл, риояи адолат ва тарѓибу ташвиқи адолатноки аст.
Аз гузориши вазир мо бори дигар огоҳӣ ёфтем, ки дар умум соли ҳисоботӣ ба вазорат 57 249 мавод вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ворид гардидааст. Аз ин шумора, дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 3471 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба 3406 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи зарурӣ ва муҳими ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст. Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 1457 мавод ворид шудааст, ки аз онҳо 823 санад барои баҳисобгирии давлатӣ, 187 санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 68 санад бо супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулосаи ҳуқуқӣ ворид шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 823 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 56 қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 554 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 96 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гардиданд.
Дар рафти нишасти хабарӣ аз ҷониби вазир зикр гардид, ки дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ, танзими амалиёти холисонаи нотариалӣ, фаъолияти хуби идораҳои нотариалӣ, бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ, беҳтар гардидани фаъолияти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмили ихтисоси мақомоти адлияи ҷумҳурӣ, сари вақт гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ маълумот дар шакли хаттӣ манзур намуданд.
Вазорат дар якҷоягӣ бо сохторҳои зертобеи худ корҳои тарѓиботиву ташвиқотии зиёдро анҷом додаанд. Дар чор ноҳияи ҷумҳурӣ бинои замонавии марказҳои адлияро сохта, ба истифода додааст. Аз ҳама муҳим барои сари вақт муроҷиат кардан ва гирифтани маслиҳату машварати ҳуқуқии ройгон хати телефонии 30-40 дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оѓоз намудааст, ки мушкили ҳазорҳо шаҳрвандонро дар муддати муайяншуда бартараф месозад. Бешубҳа, ин иқдоми самаровар дар татбиқи ҳукумати электронии соҳа нақши калидӣ хоҳад дошт.
М. Наимов

Сафар барои ҳаҷи фарзӣ зери савол аст
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зоирони тоҷик кай имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунанд.
Давлатзода Сулаймон Пирхон - раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврал дар нишасти матбуотиаш гуфт, Тоҷикистон ҳамоно мунтазири посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст.
"Дар масъалаи ҳаҷҷи фарзӣ то ҳол аз ҷониби Арабистон даъватнома ба кумита нарасидааст. Дар кадом сурат баргузор шудани он ва теъдоди зоирон ҳам бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ ва дар асоси хости кишвари мизбон сурат мегирад", - гуфт С. Давлатзода.
Ба иттилои манбаъ, кумита ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафари хоҳишмандон баррасӣ ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд. Аммо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.
Масъули кумита афзуд, ки дар сурати баргузории сафари ҳаҷ нахуст онҳое имтиёз хоҳанд дошт, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.
С. Давлатзода дар ҳамин нишаст доир ба ҳолатҳои вайрон шудани Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" гузориш дода, зикр кард, ки маблаѓи умумии ҷаримаҳои воридшуда 3,1 миллион сомониро ташкил додааст.
- Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 123,3 ҳазор тӯй ва дигар расму оинҳои мардумӣ баргузор шудааст. Дар маҷмуъ, ҷарима барои вайрон кардани қонуни мазкур 3 миллиону 96,5 ҳазор сомониро ташкил дод, - изҳор дошт ӯ ва таъкид кард, ҳолатҳои вайрон кардани қонун нисбат ба соли 2020-ум 28 ҳазор бештар аст.

Беморхонаи нав барои бемориҳои сироятӣ бунёд мегардад
Маҳмадсаид Зувайдзода-раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар дод, ки беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе аз маҳаллаи Зарафшон кӯчонда мешавад. Зувайдзода 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ бо ироаи гузориш дар бораи фаъолияти кумита дар соли 2021 ва шарҳи лоиҳаҳои нави сохтмонҳои пойтахт гуфт: - Дар шаҳраки Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ аз сӯи Вазорати тандурустӣ беморхонаи бемориҳои сироятӣ барои 1200- 1500 кат бунёд мешавад. Тибқи фармони раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ, Лоиҳаи идомаи сохтмони нотамоми Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳриро Корхонаи воҳиди давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар якҷоягӣ бо саридораи раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия кардааст.
Нахустин беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар Душанбе ҳанӯз соли 1931 асри гузашта, дар канори хиёбони Айнӣ ва дар маҳали наздик ба гардиши фурудгоҳ (дар ҷойи меҳмонхонаи ҳозираи «Хилтон») бунёд гардида буд, ки дар солҳои пас аз эълони истиқлол ба бинои навбунёди як кӯдакистон дар маҳаллаи Зарафшон кӯчонида шуд. Дар пайи васеъшавии шаҳр ва афзоиши аҳолии пойтахт ин макон низ солҳои охир дар иҳотаи биноҳои истиқоматӣ қарор гирифта, зарурати ба маҳали дигар кӯчониданро пеш овардааст.
Тибқи нақша, ҳукумати Душанбе низ дар бунёди ин маҷмаа саҳм гузошта, биноҳои иловагии беморхонаи сироятиро месозад.
Сохтмони беморхонаҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар пайи паҳншавии пандемияи коронавирус бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуд. Роҳбари давлат ҳанӯз дар моҳҳои аввали хуруҷи коронавирус, дақиқтар гӯем, 20 майи соли 2020 ҳангоми мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ гуфтанд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаҳои амрози сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорон ва созмонҳои хориҷӣ ҳарчӣ зудтар ба бунёди муассисаҳои тиббӣ оѓоз бахшида шавад.
Солеҳ ЮСУФОВ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: