Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон дар Душанбе баррасӣ мешавад

Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон дар Душанбе баррасӣ мешавад

6-02-2019, 09:18
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
    Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон дар Душанбе  баррасӣ мешавад
Раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулони ин идора 10 дақиқа пеш аз вақти таъиншуда ба толори нишасти матбуотӣ ҳозир шуданд. Яъне на рӯзноманигорон, тавре дар баъзе аз нишастҳо иттифоқ меафтад, балки мақомоти агентӣ онҳоро интизор шуданд.
Раиси Агентӣ Сафаралӣ Наҷмиддин дар оғоз гуфт, ки ҳамаи пешниҳодҳое, ки дар гузашта аз сӯйи рӯзноманигорон мешуданд, қабул дорад ва ҳисоботи солонаро дар муддати то даҳ дақиқа пешниҳод намуда, барои саволу ҷавоб вақти бештар мегузорад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар ҳисобот доир ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ин ниҳод маълумот пешниҳод гардид. Ёдоварӣ шуд, ки то оғози соли 2019 дар Тоҷикистон 687050 нафақагир сабти ном шудаанд, ки ин омор нисбати соли пеш 21912 нафар ё 3,3 дарсад зиёд аст.
Тавре эълон шуд, акнун дар кишвар тамоми нафақаҳои шаҳрвандон тавассути кортҳои бонкӣ пардохт сурат гирифта, ҳамаи маблағхои таъиншуда пурра ба нафақахӯрон пардохт гардидаанд.
Раиси Агентӣ дар посух ба саволе дар бораи тақдири онҳое, ки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Русия кор мекунанд ва иқдомоти давлат ҷиҳати таъмини заминаи ҳуқуқии суғуртаи иҷтимоиашон посух дод, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 лоиҳаи як Созишнома ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон – муҳочирони кории худ дар ФР ва шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Он то ба ҳол мавриди омӯзиши мақомоти Москва аст. Аммо ин ба маъное нест, ки дигар санадҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надошта бошанд.
Тоҷикистон ва Русия тайи ин муддат бар асоси Созишномаи имзошуда дар соли 1992 масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳимояти ҳуқуқии онҳоро таъмин мекунад.
Фақат дар соли 2018 беш аз 10 ҳазор муроҷиати мақомоти ҳифзи иҷтимоии Русия дар мавриди таъини нафақаи шаҳрвандони мо ва онҳое, ки мақоми душаҳрвандӣ доранд, сурат гирифтааст. Ин рақам гувоҳи он аст, ки ду кишвар дар ин замина ҳамкории фаъолона доранд.
Бино ба гуфтаи раиси Агентӣ, Тоҷикистон дар лоиҳаи созишномаи нав пешниҳод кардааст, ба шахсони беш аз 10 сол дар Русия фаъолияти давомдори коридошта, ҳаққи нафақа дода шавад ва онҳое, ки муваққат барои кор ба ин кишвар мераванду бармегарданд, дар худи Тоҷикистон нафақа гиранд.
Чуноне зикр гардид, моҳи майи имсол даври навбатии музокироти дуҷонибаи мақомоти Тоҷикистону Русия дар Душанбе баргузор мешавад ва бовар ҳаст, ки дар ин замина ду ҷониб ба натиҷа мерасанд.
Раиси Агентӣ дар ҷавоб ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи «МХ» дар бораи эҳтимоли боло бурдани синни таъини нафақа дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба дигаргуниҳои ин соҳа дар Русия, аз ҷумла 5 сол тағйир кардани синни нафақа дар он кишвар гуфт, ки ин мавзӯъ ҳанӯз дар сатҳи Ҳукумат матраҳ набуда, мавзӯъ омӯзиши ҷиддӣ мехоҳад.
Аз сӯйи дигар, - зикр кард ӯ, - боло рафтани мизони дарозумрӣ дар ҳар кишвар, албатта барои ҳукумат ин заруратро пеш меорад, ки ин масъала бознигарӣ шавад.
Раиси Агентӣ инчунин ба саволҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: