Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд

8-02-2022, 08:41
Хабарро хонданд: 100 нафар
Назарҳо: 0
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд
Февраль 7, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламравии Федератсияи Русия расман ба фаъолият машғул мебошанд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Вализода иттилоъ дод.

Даврон Вализода иброз намуд, ки лоиҳаи Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа бо ҷониби Федератсии Русия мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тавсиб расидааст.

Ба гуфтаи мавсуф, аз сабаби он ки қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор карда, баргашта омада, нафақаро дар кишвари худ мегирифтанд, ин ҳолат ба шартномаи болозикр каме мухолифат дошт ва ин вазъ ҳоло ҳалли худро ёфтааст.

«Миёни давлатҳои ИДМ аз соли 1999 созишномае буд, ки бар асоси он ҳар шаҳрванде, ки дар кишвари аъзои иттиҳод фаъолият мекунад, нафақаи ҳамон давлатро мегирад»,- гуфт Д. Вализода.

Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баъди расидан ба синни нафақа метавонанд на танҳо дар ватани худ, балки дар Федератсияи Русия нафақа гиранд. Инчунин ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ҳам собиқаи корӣ дар Русия ва ҳам собиқаи корӣ дар Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.

Мавсуф зикр дошт, ки муҳоҷирон танҳо дар сурати расман дар Русия кор карданашон метавонанд ба имтиёзҳои иҷтимоӣ умед банданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: