Дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати риоя накардани Қонуни танзим ба қайд гирифта шуд29-09-2017, 08:46
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТ, /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ нисбат ба се нафар шаҳрвандони ин ҷамоат бо гуноҳи додани хӯроки иловагӣ, сарупомонон ва ҳоҷиталбон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба Суди шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуданд. Муовини раиси ҷамоат Маҳмадӣ Сафаров мегӯяд, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди ҷамоат, ин шаҳрвандон дидаю дониста ба қонуншиканӣ роҳ додаанд. Бинобар ин аз тарафи комиссияҳои дахлдор нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ дида шуданд. Ба гуфтаи номбурда, пас аз қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 40 адад маъракаҳои гуногун ба қайд гирифта шуданд. Ин маъракаҳо аз тарафи комиссияҳои назораткунанда ба таври ҷиддӣ санҷида шуданд ва танҳо 3 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.