
Шуъбаи Маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар санаи 9 декабри соли 2021 дар ҳамкори бо Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли, тандурустӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Бохтар, кор бо ноболиғон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгири зуровари дар оила", ҷаласаи навбатии кори доир намуданд.
Дар ҷаласаи гурӯҳи оиди пурзур ва босифат намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҷабрдидагони зуровари дар оила аз ҳисоби намояндагони субъектоҳои пешгирикунандаи зуровари дар оила, таъмини сиëсати самарноки гендери дар кишвар, роҳ надодан ба зуровари дар оила, ташаккули низоми созандаи муносибатҳо дар он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа баромад намуданд.
Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳи, ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.